Ин китоб маҷмўа фишурдаи маърўзаҳои иштироккунандагони конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ буда, фарогири масоили филологӣ, аз қабили масъалаҳои лингвистика, забоншиносии муқоисавӣ, методҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ, масъалаҳои адабию фарҳангӣ, робитаҳои адабӣ ва нақди тарҷумаю тарҷумашиносӣ мебошад.
Мавод ба ёрии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аспирантон, магистрантон, олимон ва мутахассисони соҳаи муосири филология ва методикаи таълими забонҳои хориҷии аврупоӣ тавсия дода шудааст.
Чунин ном дорад китоби наве, ки ахи ран ба Китобхонаи миллӣ ворид гардид ва муаллифи он адиби маъруфи Озарбойҷони қарни ХХ Ҷалил Мамедқулизода мебошад. Китоб бо талоши профессор Муҳаммадсалом Машғулов ва сарсухани Академик Исо Ҳабиббейли, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон дар нашриёти “Эр-Граф” интишор ёфтааст.
Хонандагони тоҷик дар ин китоб намунаҳои олии эҷодиёти классики машҳури адабиёти озарбоҷони асри XX, нависанда ва драматург, намояндаи маъруфи ҳақиқатнигории интиқодӣ,
Дар ин маҷмўа намунаи ашъори шоирони ҷавон, ки дар озмуни шеъри ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - «Килки сабз» ширкат варзиданд, гирд оварда шудааст. Ҳадафи озмуни мазкур дарёфт ва муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон аст. Китоби мазкур фарогири ашъори зиёда аз 50 шоири ҷавон мебошад. Маҷмўа ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар сарсухани китоб аз ҷумла менависад: Маро ҳар номи наве дар адабиёт шод мекунад, махсусан боз дар замоне, ки адабиёт аз бисёр пуштвонаҳои моддиву маънавии пешинааш бебаҳра шудааст ва ҳоло ҳар касе
Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1934- 1994) аз худ осори гаронбаҳое, боқӣ гузоштааст, ки қиссаи «Рухсора» яке аз онҳост. “Рухсора” ҳатто замоне, ки нависанда дар қайди ҳаёт буд, зиёд чоп шуд ва миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Ва ахиран нашриёти “Олами китоб” онро интишор додаву як тақризи басо пурмуҳтавои академик Муҳаммадҷон Шакуриро низ овардааст. Устод Шакурии зиндаёд аз ҷумла навишта:
Ҳоло адабиёти мо масъалаи одамиятро, масъалаи инро,
Саид Имодаддин Насимӣ аввалин касест, ки ба забони озарбойҷонӣ девони комилеро ба вуҷуд оварда, роҳи ноҳамвори каломи манзумро барои ҳамзабонони худ тахту ҳамвору хушсалиқа гардонид. Аз ин ҷиҳат, муҳаққиқини ватаниву хориҷӣ Саид Имодаддинро яке аз поягузорону саромадон ва сарсупурдагони адабиёти Озарбойҷон пазирафтаанд.
Китоби мазкур бо амри Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати 650 – солагии шоири бузург ва мутафаккири барҷаста Имодаддини Насимӣ бо ташаббус ва дастгрии Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар осмони тираранг абр не, гўё тахтаи сурби вазнин, беҳаракат шах шудааст. Замин бистари сафеди барфӣ аз тан партофта буд ва ҳоло аз сармо гуё меларзид ва мисли соҳибони ин диёр либосе надошт, то тани лоғару бараҳнаашро бипўшад.Зимистон гузашта,фасли баҳор фаромерасид. Баҳори умедворони ноумед, баҳоре, ки хазони одамизодро ёд меовард.
Аспи сиёҳмушкин аробаи кўтакро ба як маром мекашид. Ба ғиҷирроси чарҳҳои гардуна гўши мусофирон одат карда буд. Аз он, ки асп ҳам, аробакаш ҳам, ду бачаяки хоболуди дар паҳлўи чапу рости ў нишаста ҳам, хастаҳолона, ба атроф
