Гавҳар Муродова – аз Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ҳисоби китобҳои шахсии худ 350 адад китобро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Муаллима Муродова мегӯяд инҳо китобҳое мебошанд, ки солҳо ҷамъ кардааст ва ҳоло мехоҳад дигарон низ аз онҳо истифода кунанд.
Гаҳвар Муродова аслан омӯзгор аст, вале чун ба тарҷумаи ҳоли вай менигарем, мебинем, ки тӯли фаъолияти корӣ ба чӣ иқдомотеву корҳое дастназадааст. Сарнавишти омӯзандае
Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ 269 нафар донишҷўён аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ давраҳои омӯзиширо хатм кардаанд. Аз ҷумла аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 нафар, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 166 нафар, аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода – 9 нафар, аз Донишкадаи
Анатомияи одам илмест, ки шакл ва сохти бадани инсонро аз нуқтаи назари инкишофу вазифаи онҳо ва ҳам таъсир кардани сохтори вазифавӣ вобаста бо муҳити атроф меомўзад. Номи анатомия аз усули тадқиқотӣ, яъне чок ё ки ташреҳ кардан (anatemno, аз юнонӣ – чок ё ташреҳ кардан) гирифта шудааст, ки вай ҳозир ҳам яке аз усулҳои асосии омўхтани сохти бадан мебошад. Вазифаи анатомияи одам низ дар раванди таҳаввулот (эволютсия) аз дарккунии давраҳои асосии инкишофи одам, ташаккулёбии бадани одамизод дар шароити муҳити атроф, хусусиятҳои сохти бадану узвҳои алоҳидаи он дар давраҳои гуногуни синнусолӣ иборат аст.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти шумораи 50706 китобе маҳфуз аст, ки «Садриддин Айнӣ” ном дорад ва он асарҳои мунтахаби абарустод мебошад, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1949 чоп кардааст. Аз чопи он 70 сол сипарӣ гардид.Китоби мазкур замоне интишор ёфт, ки устод Айнӣ дар ҳаёт буд ва яқинан худи ӯ панҷ асари маъруфашро зери унвони “Асарҳои мунтахаб” мураттаб намуд. Дар саҳифаи аввали он мехонем: “Нашриёти давлатии
Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ахиран Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 508 китоб тақдим кард, ки яке аз он “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад. Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудааст.
Хонаводаи олими шинохта Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ 638 нусха китоби китобхонаи шахсии ӯро тақдим карданд. Аксари ин китобҳо илмианд ва бештар дар мавзӯъи пажӯҳишҳои олими варзида навишта шудаанд. Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо чандин китоб аз илмҳои дақиқ, геология, экология, минерология ва авторефератҳои зиёде, ки солҳои мухталиф навишта шудаанд, ғанӣ гардид.