такмили ихтисос

“Чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари тоҷик”

Чунин ном дорад китоби нави Ҷурабой Раҷабов, ки ахиииррран аз чоп баромад. Муаллиф кўшиш ба харҷ додаст, ки чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари кишварро манзури хонандагон гардонад ва кору фаъолияти онҳоро инъикосу равшан созад. Зеро онҳо монанди дигар шахсиятҳои намоёни соҳаҳои мухталифи кишвар дар рушду пешрафти соҳа саҳми муносиби худро  гузоштаанду барои баланд гардидани сатҳи фарҳангию маърифатӣ ва солимгардонии мардуми кишвар ҳиссагузор буда, ба тарбияи насли навраси соҳаҳои тиб , фарҳанг ва ҳунар мусоидат мекунанд.
Муаллиф  дар китоби худ, оиди  ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои

Асосҳои технологияи корҳои муқовабандии дастӣ

Аз рўзе, ки китоб пайдо шуд, дар ҳаёти маънавии инсон хело нақши бузург бозидааст. Барои қадру қимати баланд доштан ва аз як насл ба насли дигар расондан китоб дар китобхонаҳо нигоҳ дошта мешавад. Захираи китобхонаҳо моликияти давлатӣ ва ё худ ҷаъиятӣ буда, ҳар китоб қатъи назар аз ҳаҷм, мазмуну нарх гаронбаҳост. Аз ҳамин ҷиҳат доду гирифт ва муносибат ба китоб эҳтиёткорию ғамхории хосро аз ҳар корманди

Тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол


Чунин ном дорад феҳристи тавсиявии адабиёти солҳои 2001 – 2005, ки Ҷўрабой Раҷабов таҳия кардааст. Ин китоб ахиран бо забонҳои тоҷикию русӣ ва ўзбекӣ дар нашриёти «Мулквар» - и Душанбе аз чоп баромад.  Дастури мазкур барои дарёфти адабиёти дилхоҳи соҳаи тиб ба кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва толибилмони макотиби миёнаи махсус ва олии тиббии кишвар ва баланд гардидани сатҳи маълумотнококию фарҳангӣ ва иттилоотии онҳо мусоидат менамояд.

Китобхонаҳои нодири олам

Меъморон аз замонҳои қадим барои тарҳҳои зебову ҷолиб талош мекарданд ва имрӯз низ ин анъанаи қадимиён боқист. Аз ҷумла дар сохтусози китобхонаҳои олам ҳазорон нақшу нигори нотакрор ва тарҳҳои ҷолибро метавон дид, ки касро ба ҳайрат меоранд. Бидуни шак, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ ҳамин гуна як тарҳи нотакрори китобхонаҳои олам аст. Ин ҷо хостем дар бораи таъзе китобхонаҳо, ки аз нигоҳи меъморӣ ҷолибу

Фарҳанги ҳунарҳои мардумӣ аз дурбини Муҳиддини Олимпур

Бинишвари тоҷик Муҳиддини   Олимпур барои интишори  фарҳанги  тоҷик  хидмати  бениҳоят   бузурге  кард.  Ў  ба  ҳар   кишваре , ки  рафт  ин фарҳангро  бо худ бурд  ва  намунаи   беҳтаринашро  бурд. Олимпур  ба  ҷаҳон  бо чашми дил  менигарист. Бо чашми сар  ва дурбин аз  он акс  мебардошт.  Онҳое,  ки  бо  Муҳиддин  ҳамсўҳбат  доштаанд,  фарҳанги  моро, халқи  моро   дўст  доштанд.
Бо  садои   шефтаву  лаҳни   тоҷикӣ  сухан  мегуфт.

Китоби нав ба Маркази такмили ихтисос

Ба фонди Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00 «Китобдор, библиограф – омўзгор» ворид гардид, ки чунин бобҳоро дар бар мегирад:

«Муқаддимаи ихтисос», «Асосҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ», «Аснодшиносӣ», «Библиографияшиносӣ», «Феҳристҳои китобхона», «Педагогикаи китобдорӣ», «Фаъолияти  библиографӣ дар китобхонаҳо».

Китоб барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00   таҳия гардидааст. Мураттиби китоб Б. Холов;

Страницы