такмили ихтисос

Дарси чораҳои бехатарӣ барои коромӯзони Китобхонаи миллӣ

  Панҷ нафар аз ҷумлаи донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода ва 8 нафар донишҷўёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бўйдоқов, ки дар Китобхонаи миллӣ аз таҷрибаи истеҳсолӣ мегузаранд, муддате дарс дар мавзуи “Қоидаҳои умумии бехатарӣ дар Китобхонаи миллӣ” шуниданд.

Ҳадафи роҳандозии дарсҳои бехатарӣ барои коромӯзон ҷалби онҳо ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар Китобхона мебошад.

Оғози давраи даҳрӯзаи омӯзишӣ барои китобдорони чанд китобхонаи кишвар

    Дувоздаҳ нафар аз китобдорон аз китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.  Лоҳутӣ, Иниститути биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шотемур муддати 10 рӯзи оянда бо омӯзиши як барномаи комили омӯзишии 56-соата дар Китобхонаи миллӣ маҳорати касбии худро такмил хоҳанд дод. Профессор Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ дар расми ифтитоҳи давраи нави омӯзишӣ иброз дошт, ки ин гуна дарсҳо ба хотири

Наврўз чароғи гул ба гулзор овард...

   Наврўз яке аз қадимтарин, муқаддастарин ва пойдортарин ҷашнҳои ҷаҳонӣ мебошад, ки рамзи покиву озодагӣ, шодию сурур, ҳамрозӣ ва  ҳамдилӣ, пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, нур бар зулмот, зебоӣ бар зиштӣ, маърифат бар ҷаҳолат, хубӣ бар  бадӣ буда,  беҳтарин ва зеботарин ҷашни ориёитаборон ва ҳоло тамоми мардуми сайёра мебошад. Ҷашни Наврўз дар ҳар минтақа, навоҳӣ, деҳа, кӯча ва ҳатто хонавода бо тарзи махсуси хеш пешвоз гирифта мешавад, мусалламан суннатҳои Наврўзӣ дар ҳама ҷо риоя карда 

Арзи сипос

  62 нафар донишомӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фармони Ректори ин боргоҳи маърифат, академик Муҳаммадюсуф Имомзода муддати бистучор рӯзи корӣ дар Китобхонаи миллӣ таҷриба хоҳанд омӯхт. Меҳрангез Темирова-як тан аз ин донишомӯзон таассуроти рӯзҳои аввали таҷрибаомӯзии худро ин гуна рӯи коғаз овардааст:

Тибқи  Фармони ректори  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 06.02. 2019  сол 62 нафар донишҷўён барои таҷрибаомўзӣ ба Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Шоҳин чӣ парандаест?

Дар Тоҷикистон 11-13 ҷуфт шоҳин лона мегузорад. Парандаи муқимист, вале зимистон  аз саргаҳи муҳити зист ва ҷойҳое, ки гунҷишк, лойхўрак, кафтар ва мурғони обӣ бисёранд, поён мефарояд. Ҷуфти шоҳин доимист. Дар як лона чанд сол чўҷа мебарорад. Тухмро шоҳини модина  пахш мекунад.

Шоҳин (Falconiidae) яке аз парандагони нодири

“Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ

Китоби донишманди маъруфи тоҷик Барот Ҳайдаров “Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ дастраси хонандагон шуд. Он китоби дарсӣ буда, таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, ватанӣ ва шахсии муаллифро оиди омўхтани бемориҳои кўдакона инъикос менамояд.

Дар он аз нуқтаи назари замонавӣ сабаб, патогенез, патоморфология, клиника, ташхис, ташхиси тафриқавӣ, оризаҳо, табобат, оқибатҳо диспансеризатсия ва пешгирии ҳар як бемориҳои алоҳидаи нозологии кўдакон, аз ҷумла намудҳои фавқуллодаи онҳо пешниҳод шудаанд. Дар китоб хусусан ба саволҳои ташхиси саривақтӣ ва табобати ҳозиразамонаи бемориҳои кўдакона бо назардошти комёбиҳои

Страницы