такмили ихтисос
Оғози як давраи омӯзишӣ барои “Маркази миллии патенти иттилоотӣ” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2015-12-05 12:58Давраи дигари омӯзишии библиографӣ дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расид
Нашр шуд 2015-11-12 20:20Маркази такмили ихтисос дар нуҳ моҳи соли 2015
Нашр шуд 2015-10-13 21:53Маркази такмили ихтисос
Маркази такмили ихтисос-воҳиди сохтории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мебошад.

Таҳти ҳамин унвон субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-муаррифии китобу китобхона дар Русия баргузор шуд. Ташкилкунандагони ин намоиш мегӯянд чорабинӣ дар доираи Фармони президенти Русия Владимир Путин доир мешавад, ки соли 2015-ро дар ин кишвар соли адабиёт номида буд. Ин барномаест, ки аз сармояи барои грантҳои вижа ҷудокардаи ҳукумати Русия амалӣ мегардад.
Даҳ нафар кормандони китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили як давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуданд.
Давраи дигари омӯзишии библиографӣ барои кормандони ғайриихтисос дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки 28-уми июли соли равон оғоз шуда буд, субҳи имрӯз, 12-уми ноябр бо тақдими сертификатҳо ба анҷом расид. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ташкили давраҳои омӯзиширо иқдоми хеле наҷиб дар роҳи такмили таҷриба ва ихтисос хонд.

