такмили ихтисос

Чопи библиографияи монографии академик Убайд Зубайдов

Интишороти «Сомон-Граф» библиографияи монографии академик Убайд Зубайдовро дар таҳияи корманди собиқадори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷурабой Раҷабов ва мудири шуъбаи пажуҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асрор Сатторов дар ҳаҷми 260 саҳифа ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баровард.

Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст

Зиёдшавии китоб ва рўз то рўз баландгардии мавқеи он дар рушду такомули ҷамъият, дар фаъолияти хонанда тағйирот ва дигаргунӣ ба вуҷуд овард. Ҳамаи ин бе чуну чаро  ба худогоҳиву худшиносии миллӣ, ташкили давлатҳои мутамарказ ёрии маънавӣ расондааст. Халқҳои пешрафта дар истеҳсоли неъматҳои моддию маънавӣ афзалияти бештаре доштанд ва кўшиданд, ки дар истифодаи донишҳои мавҷуда ва

Хатми давраи нави омӯзиши компутерӣ дар Китобхонаи миллӣ

Сивучор нафар кормандони Китобхонаи миллӣ, ки ахиран давраи омӯзишии комуптериро хатм карда буданд, соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.
Дар  Маркази  такмили  ихтисоси   Китобхонаи  миллӣ  боз як давраи омўзиши  донишҳои комютерӣ  ба анҷом  расид. Дар ин муддат кормандон дарсҳои компутериро аз рўи барномаҳои MS - Word, MS- EХEL, Intepnet EХplorer бо муваффақият хатм намуданд.
34-нафар кормандони Китобхонаи миллӣ соҳиби  сертифакат гардиданд.

Пайравони Пешвои миллат

Дар иқтибос нерўи созанда ва сўзанда будани ҷавонон ба он маънӣ омадааст, ки насли ҷавон воқеан ҳам созандаанд. Созандагии онҳо дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷўйи илму фан буда, дониши худро пурра созанд ва агар аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо бароянд, метавон гуфт, ки ояндаи миллатро сохта метавонанд.

Хатми боз як давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ

Нуҳ нафар кормандони китобхонаҳои донишгоҳҳои аграрӣ ва техникии Тоҷикистон бо хатми давраи кутоҳмуддати сайёри омӯзишӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Ин давраи якмоҳаи омӯзишӣ дар мавзуъи «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» баргузор шуд ва дар он кормандони китобхонаҳои Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик Муҳаммад Осимӣ ширкат карданд.

Кас агар дўст надорад Ватан, имонаш ку?

Мо-ҷавонони замони Истиқлолияти кишварамон Тоҷикистони  азизи  ҳамешапойдор ҳамвора бояд шукргузор аз фазои орому осоиши Ватан, аз ваҳдату якпорагии  меҳан, ки рўз аз рўз ба таври  шигифтангез  дигаргун шуда, ободтару зеботар мегардад, бошем.
Мо  ҷавонон пеш аз ҳама бояд  ҳисси ифтихори баланд аз Тоҷикистон, аз ҳар сангу кўҳи он, аз мардумони шукргузораш дошта бошем. Меҳри ин Ватани ободу озод дар қалбҳои мост:

Страницы