такмили ихтисос

Оғози давраи нави омӯзишӣ дар Маркази такмили ихтисос

​ 17 нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ва Китобхонаи илмӣ-тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба як давраи нави омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Субҳи имрӯз бо ҳузури ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ин давраи омӯзишӣ оғоз шуд ва қарор аст то 31-уми январи соли

Хирмани сухан

​ Насри ӯзбек дар давоми сад соли охир на танҳо дар хиттаи Осиёи Миёна ҳамчунин  дар миқёси ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Дар пешрафти он бештар аз чаҳорсад нафар адиб бо осори каму беши худ саҳм гузоштаанд. Дар канори ҳикояҳо  даҳҳо қиссаю романҳои ӯзбекӣ ба забонҳои гуногун тарҷума шуда дастраси дӯстдорони адабиёт гардидаанд. Аз ҷумла, хонандаи тоҷик низ бо беҳтарин намунаҳои  насрии ӯзбек ошно аст.

 Ин китоб бо саъю эҳтимоми адиб ва мутарҷими нозукбин Юнуси Имомназар  фароҳам омада, бар замми шарҳи мухтасари  зиндагию осори чанд тан нависандаи шинохтаи ӯзбек намунаҳо аз

“Бонувон дар сиёсат”

 Ин китоб шуморо бо ҳаёт ва фаъолияти занони сарвари замони Истиқлолияти кишвар ошно месозад. Онҳо дар давраҳои гуногун рушди кишвар вазифаҳои пурмасъулро  бар уҳда доштанд ва имрўз ҳам барои ободиву шукуфоии кишвар саҳм мегузоранд. Муаллифон талош кардаанд, ки ҷавондухтарон дар бораи занони сиёсатмадор на танҳо маълумот гиранд, ҳамчунин, барои расидан ба дараҷаи онҳо саъю кўшиш намоянд. Ба гуфтаи Унсурулмаолии Кайковус:

 Агар гўӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,

 В-агар гўӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.

Се барги сабз

Хонандагон бо осори се тан адиби роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, ки имрӯз дар майдони насри  тоҷик дар Ӯзбекистон корнамоӣ мекунанд, аз наздик ошноянд. Ин эҷодкорон ба унвони муаррифгари адабиёти насрии тоҷик дар Варорӯд бештар бо ҳикояҳо, қиссаҳо, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, ҳикоёти хурд, новеллаҳо ва осори  публитсистии худ шинохта шудаанд.

 Китоби мазкур низ аз намунаҳои  эҷодии ин нигорандагони каломи бадеъ, ки ахиран ба нӯги хома  омода ва аҳёнан дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ  ба табъ расидаанд, фароҳам омадааст.

Китобҳои тозанашр: “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон”

 Маҷмўаи «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, методӣ  ва амалии соҳавӣ натиҷаи таҳқиқоти илмию амалии олимону мутахассисонро дар худ таҷассум намудааст. Таҳиягарони  маҷмўа тасмим  гирифтаанд, ки оид ба таърих, фарҳанг истифодаи навгониҳо ва сарчашмаҳои нодири бойгонии Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории  стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ва масоили вобаста ба он, маводи ҷолиб ва арзишманд ба муҳаққиқону, мутахассисон, омўзгорону донишҷўёни соҳа манзур намоянд. 

Аз санг сахт, аз гул нозук

Чунин ном дорад китоби нависандаи тоҷикзабони муқими шаҳри Тошканд Юнуси Имомназар, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расидааст. Ин китоб аз ҳикоя, қиссаҳо, очеркҳо ва  мақолаҳои публитсистӣ, таҳлилӣ ва фарҳангии муаллиф мураттаб шудааст.

  Зиндагии инсонро бе мушкилот тасаввур кардан амри маҳол аст. Бо ин ҳол, бани башар доимо дар такупост ва аз паи ҳалли мушкилот оромӣ надорад. Аз як сӯ, ба хотири кушодани басту бандҳои пешомада ва аз ҷониби дигар, барои аз байн бардоштани нобаробарӣ, дурӯғ, кинаю адоват, коҳилӣ, ҳасодат, тамаллуқу таарруз ва соир хислатҳои манфур талош мекунад.

Страницы