такмили ихтисос

Саду як иншо

Дастури таълимӣ барои хонандагони мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ  ва довталабони донишкадаву донишгоҳҳо, ки соли 2012 чоп шудааст. Ин китоб ҳоло ҳам метавонад қобили истифода бошад, чун беҳтарин роҳу равиши навиштани иншоро дар миён гузоштааст. Дар пешгуфтор муаллифи китоб Қ.Тӯраҳасанов аз ҷумла менависад: Иншо яке аз навъҳои  кори  хатии  хонандагон  буда, дар  мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ  таълим  дода  мешавад. Имтиҳони  иншо дар донишкадаву  донишгоҳҳо  барои  рушду  такомул  ёфтани  забони  миллии  тоҷикӣ  ёрӣ  мерасад.

 

Китоби нав. Хайрулло Амонулло. “Орзуи кӯдакӣ”

Ин китоб охири соли гузашта чоп шуда ва ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расид. Муаллиф орзуҳои кӯдакии худро ба риштаи қалам кашидааст, ки бештар майлу ҳаваси мошинрониву мошинсаворӣ доштааст. Ва орзуҳои кӯдакии худро бо талошҳо ва омӯзишҳо амалӣ кардааст. Китоб сагузаштист ва хонандаро водор мекунад бихонад, то бидонад, ки муаллиф ба кадом роҳҳо ба орзуҳояш расидааст.

Хайрулло  Амонулло 10  августи  соли  1967 дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таваллуд  шудааст. Оиладор , соҳиби  5 фарзанд  мебошад. 

Маърўзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

  Дар муқаддимаи китб мехонем: Соли  2019  ду  санаи  муҳим  - 25  солагии  қабули   Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  30 -  солагии  қабули  Конвенсияи СММ  дар  бораи  ҳуқуқҳои   кўдак   ҷашн  гирифта  шуд.  Санадҳои   мазкур, ки  муносибатро  нисбат  ба арзишҳои   муҳими   ҳаёти  ҷомеа  -  инсон,  ҳуқуқ  ва  озодиҳои   ў  ба  қуллӣ  тағир  дода,  заминаи  муҳими  ҳуқуқии   инсонро  гузоштанд, дар  ҳифз  ва  пешбурди  ҳуқуқҳои  кўдак   нақши  муҳим бозиданд.

Дар  ин  давра  ҷиҳати  таъмини  манфиатҳои  беҳтарини  кўдакон, ташкили   шароити  мусоид  барои  инкишофи  ҳамаҷонибаи  онҳо,  ҳифзи  ҳуқуқ   ва  озодиҳои  кўдакон, ки аз  ҳадафҳои   муҳими 

Адабиёти ҷаҳон. Антуан де Сант - Экзюпери (1900- 1944)

Антуан  де  Сант   нависанда ва халабони аҳли Фаронса буд. Шахсе буд, ки баъди маргаш ба як қаҳрамони мардумӣ дар Фаронса табдил ёфт. Вай 20 июни соли 1900 дар шаҳри Лиони Фаронса дида ба олам кушода, 31 июли соли 1944 фавтидааст. Яке аз фаъолтарин ширкаткунандагон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон буд ва чун халабон барои ҳифзи Фаронса аз таҷовузи фашистон ҷангид. 31 июли соли 1941 вай  ба фурудгоҳи Борго воқеъ дар ҷазираи Корсика (яке аз ҷазираҳои кишвари Фаронса, чаҳорумин ҷазираи

Китоби нав. Муқим Воҳид: “Лолае дар пайроҳаи бабр”

Ишқ  чист? Чӣ  муаммоест, чӣ сарафканист ба  қаъри дунёи  дарду алам, ранҷу  озорҳо? Ошиқ  кист  ва  дар  роҳи  мурод ба  чӣ ҷонфидоиҳо  қодир  аст?  Ба ин суолҳо хонандаи  азиз   аз  қиссаҳои  нави Муқим Воҳид ба андозае  бохабар  хоҳад  гашт.

  Муқим  Воҳид 9 – уми апрели соли 1950 дар  шаҳри  Хуҷанд  дар  оилаи  зиёӣ   таваллуд  шудааст. Баъди  хатми  мактаби  миёна соли 1967  ба факултаи  таъриху  филологияи  Донишкадаи  давлатии   педагогии шаҳри  Хуҷанд  дохил  гашта,

 

Китоби нав. Сайёраи Баҳодур. “Умеди висол”

«Умеди висол» маҷмўаи  нави ашъори  шоира Сайёраи Баҳодур  мебошад. Дар он чакидаҳои  қалами  шоира, ки  солҳои охир  рўи  саҳфа омадаанд, ҷамъ  шудааанд. Сайёра  ҳамчун  эҷодкор  чанд  сол аст, ки ба хонандаи  тоҷик  шинос мебошад  ва то ин  вақт  чанд   маҷмўаи   шеъру  таронаҳояш  дастраси  ҳаводорони   назм  гардидаанд.

Китоби  нави  шоира  аз  он  дарак  медиҳад, ки  муаллифи  он ба камтавонияш  нигоҳ накарда, зиндагиро  дўст  медорад  ва  ҷавононро  ба  меҳру  муҳаббат, дўст  доштани  Ватан, ишқи пок  ва  рафоқату  покизагӣ  илқо  мекунад.

Страницы