Ин китоб ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муаллифи тарҷума Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул Аслиддин Низомӣ мебошад. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе ба теъдоди 200 нусха чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ менависад:
Рисолаи мазкури бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Ильич Маршак ( 9.07. 1933 – 28.07.2006) аз охирин таълифоти эшон ба шумор рафта,як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари (санъати) сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад.
Муаллиф дар муаррифии китоб менависад: Китоби мазкур ба хотири рўҳи оромидаи устоди аввалинам Ҳоҷӣ Меҳтоҷшоҳи Шарифзода, ки ҳангоми зиёрати Хонаи худо (Қаъбатуллоҳ) ба ҷивори раҳмати Ҳақ пайваст ва манзили охираташ дар гўристони Бақиъи Мадинаи мунаввара аст,эҳдо мешавад.
Муаллиф ба писари эшон, шогирди маҳбуб Ҳоҷӣ Юсуфи Меҳтоҷзодаи Дарвозӣ,ки нашри китоби мазкур бо ҳиммат ва саховати ў анҷом пазируфт,минатдории худро изҳор дошта, саодаташро дар ду олам аз даргоҳи Худованди азза ва ҷалла масъалат дорад.Ба қавли Ҳоҷӣ Ҳофиз:
Ҳар он, ки ҷониби аҳли вафо назар дорад,
Дар шароити кунунӣ фаъолияти Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар асоси барномаҳои таҳрезишудаи мутахассисони соҳибтаҷриба ва кордон ба роҳ монда шуда, доираи васеи таҷрибаомўзон аз гўшаву канори кишварамон фаро гирифта мешаванд. Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои калидии боло бурдани маҳорати касбии китобдорон ва тарғибу татбиқи усулҳои босифату навгонии таълим ва технологияи муосир,
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи навини мамлакат, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Дар Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос барои мутахассисони навомўз аз
Имрӯз, 25-уми август бо иштирок ва суханронии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода, муовини директор Гадобек Маҳмудов курси такмили ихтисос барои мутахассисони навомўзи Китобхона аз рўйи барномаи “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” дар ҳаҷми 36 соат ифтитоҳ гардид. Директори
Муаллифи китоби мазкур Зайнуддин Заҳруддинов, ки ба синни мубораки 80 қадам ниҳодааст, яке аз шахсонест, ки тамоми умри бобаракати хешро ба хидмати мардум бахшидааст ва солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор карда, саҳми муносиби хешро дар ободонии Мастчоҳи навин гузоштааст. «Ҳосили ҳаёт» тадриҷан хонандаро бо даврони бачагию ҷавонӣ, илм омўзӣ, фаъолияти корӣ, таърихи зодгоҳ, хонавода, аҷдодони падарию модарии муаллиф бо шаҷараномаҳояшон шинос мекунад. Инчунин навиштаҳои ўро дар бораи устодону шогирдону дўстонаш ва навиштаҳои ононро дар бораи муаллиф дарбар гирифтааст. Зайнуддин Заҳруддинов 18 -