такмили ихтисос

Китоби нав: Васлии Самарқандӣ. Ғазалиёт

Мулло Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ аз шоирони соҳибдевони охири асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад. Китоби мазкур ғазалиёти дилчасп ва саршор аз ақидаҳои пешқадамонаро дар бар гирифтааст, ки аз таълиму тафаккури ашъори шоирони классик асос ёфта, баъдан афкори маорифпарварона ва услуби шеъри давраи нав онро музайян намудааст.

     Китоб барои донишҷўёни факултаҳои суханшиносии макотиби олӣ ва ҳаводорони  шеъри ҷаззоби шоир пешкаш мегардад.

Китоби нав: “Академик Муҳаммад Осимӣ ва омўзиши масоил тамаддуни Осиёи Марказӣ”

Чунин ном дорад китоби наве, ки ахиран бо талоши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст.  Дар муаррифии китоб омада:  Таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100 – умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон « Пайванда», аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ  (1920 – 1996) бахшида шудааст.

Хеле ибратомӯз. Порае аз “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно Мавлавии Балхӣ

Саге, ки ақлу идрок  надорад, чун гурусна шавад ва нонаш набошад, пеши ту  меояду дунбак меҷунбонад, яъне «Маро нон деҳ, ки маро нон нест ва туро  ҳаст», ин қадар тамйиз дорад. Охир, ту  кам аз саг нестӣ, ки ў ба он розӣ намешавад, ки дар хокистар бихўсбаду гўяд, ки «Агар хоҳад, маро худ нон диҳад». Лоба мекунаду дум меҷунбонад, ту низ дум биҷунбон ва аз Ҳақ бихўру гадоӣ кун, ки пеши чунин мўътӣ гадоӣ кардан азим матлуб аст. Чун бахт надорӣ, аз касе бахт бихоҳ, ки ў сохиббахт асту соҳибдавлат аст.

Кароматулло Олимов. Ахтари дурахшони илм. Пешгуфтори китобе, ки тоза чоп шудааст

Зиндагии шахсиятҳои бузурги миллат ва давлатро донистан на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои онҳо, балки мактаби ибрат барои имрузиёну фардоиён мебошад. Миллати мо, хушбахтона, чи дар гузаштаҳои дур ва чи дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ фарзандони машҳур ва олимону адибони бузургро ба ҷаҳони тамаддун тақдим кардааст, ки ҳанўз номҳои бисёри онҳоро, ба истилоҳ, ба рўи об набаровардаем. Асарҳои аз сўхторҳову селҳо ва тороҷҳо ҳанўз боқӣ монда, ки дар китобхонаҳои кишварамон ва давлатҳои дуру наздик ҳифз мешаванд, шояд аз сад даҳи онҳо маълуму таҳқиқ шуда бошанд.

Китоби нав: “Диди нави таърихию сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён”

Дар рисола нахустин бор ташаккул ва пешрафти ҳунар ва илми мусиқӣ ,ки яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии фарҳанги мусиқии хонадону давлати муқтадиру мутамаркази Сомониён (819 – 1005),дар заминаи санадҳои мўътамади хаттӣ  мавриди таҳқиқи сарчашмашинохтию татбиқӣ  баррасӣ  шудааст. Дар иртибот ба ин мавзўъ саҳми чеҳраҳои номвари мусиқии илмию амалии ин давраи заррини таърих,тамаддуни тоҷикон мардумони Осиёи Марказӣ  чун Абуҳафси Суғдӣ, Оловайҳи Суғдӣ, Абунасри Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Абуаббоси Бахтиёр, Марвони Сарахсӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Рўдакӣ, Ибни Сино, Аунасри Хонанда, Мударники Ноӣ, Ҳобон Чобаки Ноӣ, Алибек Танбурӣ, Ротибаи  Барбатӣ  ва дигарон дар муқоиса ба навиштаҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ  бо такя ба 

Китоби нав: “Девон”-и Калими Кошонӣ

Лавҳи мазори хеш зи девони худ кунам,

Яъне, маро ба ғайри сухан ёдгор нест!

Абўтолиб Калими Кошонӣ, ки бо ному тахаллуси Толибои Калим низ шуҳрат дорад, аз бузургтарин суханварони асри XVII-и Эрон буда, дар Ҳиндустон то ба мартабаи Маликушшуарои дарбори Шоҳиҷаҳон (1627-1658) расидааст. Ўро муаллифони сарчашмаҳо ва осори илмӣ  “Халлоқулмаонии сонӣ ”ва “Фанни охирин саҳфаи китоби шоирӣ ” донистаанд.

Калим тақрибан соли 990/1582 дар Эрон ба дунё омадааст. Аз ҷамъбасти андешаҳои муҳаққиқин ва абёти зерин бармеояд, ки шоир зодаи Кошону парвардаи Ҳамадон аст.

Страницы