Ин китоб соли 2013 бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст. Муаллифи сарсухан С.Шосаидов навиштааст, ки “хусусияти хоси марҳилаи нави рушди афкори илмии китобдории миллӣ ин пеш аз ҳама васеъ гардидани доираи пажўҳишҳо, гуногунрангии ақидаҳо ва падидаҳои илмӣ, инъикоси батадриҷи қиммати назариявӣ ва амалии суннатҳои китобдории халқи тоҷик ва арзёбии мақоми ин суннатҳо дар масири таърихи ташаккулёбии назарияи китобхонашиносии миллӣ ба шумор меравад. Таҳлили осори илмии китобхонашиносони тоҷик собит менамояд, ки имрўз таҳқиқи афкори кўҳанбунёди китобдории тоҷик дар робитаи зич бо дастовардҳои замони истиқлол ва равандҳои пуртаззоди ҷаҳони муосир ҷараён
Библиографияи адабии тоҷик, чуноне таъкид шуд, библиографияи мустақил аст. Библиографияи давраи шўравӣ бо ёрии библиографияи рус ва дигар халқҳои ИҶШС ба воя расид. Таҷрибаи бойи библиографияи рус суръати пешравии библиографии моро тезонид. Аммо таҳлили дастурҳо, муносибати библиографон дар ҳалли масоили ҷудогона аз эҷодкорона истифода шудани ин таҷрибаи пешқадам шаҳодат медиҳад. Ба ҳисоб гирифтани хусусияти адабиёти тоҷик, шароити маҳаллӣ ба такмилу беҳшавии услуби танзими ин ё он шакли дастурҳои библиографӣ анҷомид. Яъне библиографияи адабии тоҷик дар ҷараёни рушди худ назария ва таҷрибаи библиографияи русро васеъ
Маҷмўъаи «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китоби VIII» барои васеъгардонии дониши назарӣ,амалӣ ва методии кормандон пешбинӣ гардида,ба доираи васеи эҳтиёҷмандон, аз ҷумла, ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ва худомўзони риштаи китобдорӣ таълиф шудааст.
Дар сарсухани китоб омада:
«Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Китоби
Муҳимтарин дастоварди истиқлолияти Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ ин ташаккули сиёсати давлатии китобдории устувор бар мабнои ҳуввияти миллӣ ва арзишҳову меъёрҳои умумибашарӣ мебошад. Бо шарофати ҳамин сиёсати оқилона фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон тадриҷан ба фазои ягонаи китобдории ҷаҳони муосир ворид мегардад. Ҳар як иқдоми амалӣ ва кашфиёти илмию эҷодӣ дар ин самт новобаста аз бартарию норасоӣ бояд аз ҷониби олимону мутахассисон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Зеро илми китобдории тоҷик бо қадамҳои нахустини хеш заминаи устувору боэътимоди воридшавиро ба доираи фароҳи афкору
Маҷмўа мақолаву андешаҳои пурқимати илмии китобхонашиноси тоҷик Сафар Шосаидовро, ки тайи солҳои гуногун чоп гардидаанд, инъикос менамояд. Мақолаҳои маҷмўа дар 6 фасли мавзўӣ ҷойгир шуда, дар маҷмўъ самтҳои гуногуни фаъолияти илмӣ – эҷодии муҳаққиқро инъикос менамоянд. Фасли якуми маҷмўа мақолаҳои бахшида ба проблемаҳои назариявии барои рушду камоли китобхонашиносии тоҷик муҳимро, ки дар ҳоли ташаккул қарор дорад, дар бар мегирад.Мақолаҳои фасли мазкур бо инъикоси эҳсосу тафаккури олим дар заминаи андешаҳои амиқу равшан масъалаҳоеро фаро гирифтаанд, ки баррасии онҳо бо назардошти вазъи имрўзаи китобхонашиносии тоҷик ҳаётан
Дар даҳсолаҳои охир мониторинги пиряхҳо дар ҳудуди қаторкўҳи Қаротегин, аз ҷумла ҳавзаи дараи Камароб гузаронида нашудааст ва ҳолати кунунии онҳо арзёбӣ нагардидааст. Солҳои 60-70-уми асри гузашта бо мақсади омўзиши пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ якчанд экспедитсияи глятсиологӣ сурат гирифта буд ва натиҷаҳои ин таҳқиқот дар Феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шўравӣ, ки 50 сол қабл нашр гардидааст