Дар ҷаҳони иртибототӣ ва иттилоотӣ ҳамакнун аз шабакаи ИНТЕРНЕТ ба унвони шабакаи шабакаҳо ёд мешавад ва яке аз бузургтарини шабакаҳо компютерии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки пайдоиши шабака аз соли 1969 оғоз мегардад ва дар ин сол ожонси пружаҳои пешрафта таҳқиқотии вобаста ба Вазорати дифои Амрико шабакаи озмоишӣ зери унвони ARPANET таъсис кард.
Ин китоб ҳанӯз соли 1973 чоп шудааст, вале бо гузашти солҳо низ барои кулли мутахассисони риштаи китобдориву китобхонашиносӣ муфиду арзишм анд боқӣ мондааст. Китоб маҷмӯаи мақолаҳо буда, таҳлили фарогири мавзӯъи мавриди баҳс аст. Мураттиб Р.Шарофов дар оғоз менависад: Фикри ба чоп тайёр намудани ҳамин хел як маҷмўа ҳанўз соли 1970 ҳангоми гузаронидани конфронси илмию назариявӣ оид ба «Масъалаҳои инкишофи библиографияи миллии тоҷик» ба амал омада буд.
Ин китобе, ки ҳоло дар даст доред, нахустин маҷмўаи мақолаҳои китобшиносон оид ба масъалаҳои таърихи
Ибни Надим дар асари бисёр боарзишу муътабари худ «Ал-феҳрист» ба нақл аз Ибни Мукаффаъ ба унвони гуногуни хутуте, ки дар байни эрониён ривоҷ дошта, таҳти ановине чун: дин дафария, вишдабирия, каштач, ним каштач, шохдабирия, ҳам дабирия ва ном дабирия ишора намуда аст, ки имрўз дар байни онҳо танҳо ду хат, яъне дин дабирия ё хатти Авесто ва хатти гашта дабира ё хатти паҳлавӣ қобили шиносоӣ аст.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар тўли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки садсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо саъю кўшиш ва таҳқиқотҳои пурарзиши ходимони фидоии Китобхона беҳтарин намунаҳои осори хаттӣ ҷамъоварӣ ва аз нав эҳё шуда, ба ҳайси муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ барои шинохти воқеии таъриху
Шабакаи Интернет дар ҳоли яке аз муҳимтарин ва ғанотарин манобеи иттилоотӣ барои донишмандон ва дигар алоқамандон ба ҳисоб меравад. Нақши ин шабака, ба вижа дар ҳавзаҳои улум ва технология, ки дастраси сареъ ба иттилооти рўзомад аз иттилооти махсусе бархурдор аст, бисёр чашмгир ва ғайриқобили инкор аст.
Бунёд, коркард ва рушди Китобхонаҳои электронӣ (КЭ) аз назари таърихӣ чунин баррасӣ гардидааст:
- ибтидо, таҳаввул ва дигаргуншавии симои берунии китобхона ба унвони омили дастрасӣ ба технологияи компютерӣ ва иртибототӣ;
Аз эҷодиёти бадеии Шарқӣ Қадим то даврони мо қисми ночиз (варақаҳои пораканда) омада расидааст, ки он таърихи беш аз ҳазорсоларо тай намуда, қисми асосии он нобуд гаштааст. Ҳар он чизе, ки боқӣ мондааст аз дараҷаи баланди илму маърифат ва доираи васеи паҳнгардии хонишу дониши он замон гувоҳӣ медиҳад.
Оид ба фаъолияти китобдории Шарқи Қадим шарқшиносон маълумотҳои тоза додаанд. Мисршиноси фаронсавӣ Э. де Руже дар шаҳри қадимаи Гиз қабри вазифадори бузурги намояндаи сулолаи IV- и(солҳои 2930-2750 – и пеш аз милод) Шепсескафанхаро дарёфт намуд, ки дар навиштаҷоти болои