такмили ихтисос

Қиссаи хеле аҷиб. Китобдор -Донор

Солҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  дар мамлакат дар ҳудуди  5,5 миллион донорҳо  ба  фронт 1 миллиону  700 ҳазор  литир  хун дода буданд. Он солҳо ба ин  ҷасорати ватанпарварон  донорҳои Тоҷикистон  ҳам саҳми  муайяне  гузоштаанд.

Ҳар дафъа  баъди  шунидани  иттилооти  Бюрои  информатсионии   Советӣ  Мария  Алексеевна  бесаранҷом  мешуд. Хаёлаш  ўро ба  кўҷоҳо намебурд. 

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Китобдорони ҷанговар

Дар миёни ҷанговарони ҷабаҳоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳҳо нафаре буданд, ки ё то ҷанг ё баъди ҷанг китобдорӣ кардаанд. Иддае пажӯҳишҳои арзишманди китобшиносӣ ҳам анҷом додаанд. Аз ҳоли бисёре аз онҳое, ки чун китобдор ба ҷанг рафтанду барнагаштанд, иттилои чандоне надорем. Вале маъхазҳо дар бораи онҳое навиштаанд, ки ҷангиданд, баргаштанд ва чун фотеҳон ба кори худ идома доданд. Дар зер аз чанде аз онон ёдоварӣ мекунем.

Гурез ДЎСТОВ

 

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Ҳикояте аз рӯзгори Партов Буйдоқов

 Толибилмон мегуфтанд , ки Партов Ҷалилович падари маънавии мо ҷавонони  аз қишлоқ омада буд. Ў мураббии собиқадор, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон дода, чандин бор ҷароҳат бардоштааст. Ба омўзишгоҳ бошад, баъди ҷанг омад. Тўли солҳои зиёд дар ин ҷо садҳо ҷавонони  болаёқатро ба воя расонида, ба соҳаҳои  гуногуни хоҷагии  халқи ҷумҳурӣ гуселонид. Сари даҳҳо ятимонро падарвор бо даст сила карда, шебу фарозашонро бо эшон якҷоя дидааст…Ман инро акнун фаҳмидам. Фаҳмидам вақте ки саҳифаҳои чанд рўзномаро варақгардон кардаву ба чанд бойгоние сар халондам. Фаҳмидам вақте, ки бо шогирдони ў ҳамсўҳбат шудам. Фаҳмидам, вақте расми ниҳоят зебои ўро дар 

Китобдорони шоистаи Тоҷикистон:Рина Талман

Талман Рина Осипова  моҳи феврали соли 1944 директори китобхона таъин гардид ва то моҳи октябри соли 1946 дар ин вазифа заҳмат кашид. Ў соли 1903 таввалуд шудааст. Соли 1925 Донишгоҳи педагогии Ростовро хатм карда, дар макотиби ҳамагонии Ростову Дон аз фанни таърих дарс гуфтааст.

Соли 1930 ба пойтахти  Тоҷикистон омада, бо ифтитоҳи  Китобхонаи марказӣ  дар ин ҷо фаъолияташро 

Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ

 Чунин ном дорад маҷмуъи мақолаҳое, ки Қурбоналӣ Бӯризода мураттаб кардааст.  Маҷмўаи «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» инъикоси эҷоди масоили назарӣ, методӣ, амалӣ ва таълимии равандҳои инноватсионии соҳаи китобдориро дар худ таҷассум намудааст. Нашри мазкур дар раванди омўзишу баррасии масъалаҳои азхуднамоии навгониҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ҳамчун маводи илмию таълимӣ хизмат хоҳад намуд.

 

Китоби нав: Таҳқиқи ҷанбаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ

 Дар китоб оид ба ҷанбаҳои мухталифи мероси фарҳанги Ғайримоддии халқи тоҷик маълумот дода шудааст. Маводи таҳқиқшуда аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар асоси экспедитсияҳои мардумшиносии аз ҷониби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҳандозӣ шуда буданд, истифода гардидааст. Китоб аз се бахш иборат буда, дар он оид ба ҷашну маросимҳо, касбу ҳунарҳо ва донишу таҷрибаҳои суннатии мардуми тоҷик  таҳқиқот сурат гирифтааст. Китоб дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба муҳаққиқони соҳаи фарҳанг, фолклор, мардумшиносӣ ва умуман ихлосмандону алоқамандони мероси фарҳанги 

Страницы