Устод Ҳомид Маҷидов – яке аз забоншиносони маъруфи кишвар ба сини мубораки 80 қадам гузошт. Умре, ки ҳамаро сарфи пажуҳишҳои илмӣ кард ва ҳосили ин умр танҳо кушоишҳои илмӣ ва хидмат дар рушди забоншиносии тоҷик набуда, балки садҳо шогирдони муваффақи ӯянд, ки имрӯзҳо дар сар то сари кишвар кору фаъолият менамоянд. Даҳҳо нафар бо кӯмаки ӯ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд ва теъдоди касоне, ки дар навиштани корҳои димломӣ аз маслиҳату машваратҳои ӯ кор гирифтанд, ҳисоб надоранд.
Доктори илми филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Аз ҷумлаи тавонотарин адибони нимаи дуюми асри XIX буд. Зимни суханроние устод Мирзо Турсунзода дар ҳақаш гуфта: «Фазлиддин Муҳаммадиев нависандаи ҷасур ва бо ҷуръат аст. Ман ҳатто ўро нависандаи борикбин мешуморам, зеро дар ҷараёни зиндагӣ чизи асосиро дарк карда метавонад».
Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб дар кохоз ҳисобчӣ буд. Баъдан ба шаҳри Душанбе омад ва идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикисто» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» ба кор омад. Кори рўзнома диққати нависандаро ба худ ҷалб намуда, ў соли 1951 баъди хатми мактаби комсомолии
Шахсест, ки дар муаррифии адабиёти тоҷик хизматҳои шоиста кардааст. Метавон ӯро аз айнипажуҳишони шинохта номид, ки чандин асар дар шинохти устод Садриддин Айнӣ навиштаву дар маъруфтарин интишороти Маскав чоп кардааст.
Адабиётшиноси барҷаста, доктори илми филологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино Иосиф Брагинский 18-уми июни соли 1905 дар шаҳри Боку таваллуд ёфтааст.
Соли 1931 Донишкадаи шарқшиносии Маскавро хатм карда, дар ҳамин ҷо аз забони урду дарс дод, мудири қисми таълимӣ
Саид Нафисӣ Ҳам олими муваффақ буд ва ҳам шоир ва ҳам нависанда. Вурудаш ба адабиёт аз шеъру қиссаву ҳикоя шуруъ шудааст. Вале дар пажуҳиши осори ниёкон аз ҷумлаи муваффақтаринҳо дар Эрони муосир аст. Бахусус, дар пажуҳиши устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шинохти ин нобиғаи назми оламгир хизматҳои шоиста кардааст. Ва ин хадамоташро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони тоҷик аст, ки дар омӯзиши забонҳои помирӣ, таърихи забони тоҷикӣ, Авасто ва забонҳои помирӣ, фонетикаи таърихии забонҳои помирӣ хизматҳои шоён кардааст.
Додихудоев Раҳим Халилович 15 июни соли 1928 дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1980 бо унвони доктори илми филологӣ ва соли 1981 профессор сарфароз гардонида шудааст.
Солҳои 1946-1950 дар Институти ҳарбии забонҳои хориҷии Вазорати мудофиаи СССР-ро хонда, дар системаи истихборотии низомии шўравӣ
Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз ҷумлаи олимони пуркорест, ки дар баробари пажуҳишҳои арзишмандаш як бахши муҳими сиёсати хориҷии кишварро раҳнамоӣ ва сарварӣ мекунад. Аз соли 2010 то соли 2016 муовин ва аз 2-феврали соли 2017 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Аз донандагони хуби забони арабист.
Низомиддин Зоҳидӣ 8 - уми июни соли 1957 дар деҳаи Пўлодони