библиографияи миллӣ

Суханро вазну тамкини замин бояд...

Бештар касоне, ки мехоҳанд дар бораи устод Муъмин Қаноат нависанд, ин байташро ҳамеша ё зикр менамоянд ва ё ҳаддиақал ба он ишора мекунанд:

Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

Устоди шоирони муосири тоҷик. Дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст. Бахусус достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги

Ман баъди ҳама завол меоям боз...

Аз бузургтарин шоирони нимаи дуюми асри ХХ аст. Кам касеро дар зинаи шуҳрати ӯ суроғ дорем. Ҳатто агар дар Гугл бо исми ӯ нохун занед, ҳазорон шеъру мақолаву хотирот ва шоҳбайтҳояшро мехонед. Ҳеч шоире аз ҳамзамонони ӯро ин гуна шуҳрат насиб нашуда. Аз маргаш ҳам ҳудудан ду даҳсола сипарӣ мешавад, вале ҳамоно аз пурхонандатарин шоирони муосир аст. Ва ин ду мисраъ аз ӯст, ки гуфта:

Ало, шеъри Аҷам фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шўри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузур...

Як мисраъ аз шеъри шоири тавоно, марҳум Убайд Раҷаб, ки 15-уми майи соли 2017 синнаш ба 85 мерасид, агар зинда мебуд....
Убайд Раҷаб 15  уми майи соли 1932 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент ба дуннё омадааст.  Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) гардида, онро соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст.
Соли 1961, бо даъвати бевоситаи устоди шоирон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ба маҷаллаи адабии «Садои

Раҳмон Сафар: Ривоятгари сарнавишти беш аз 30000 ҳамдиёрон

Раҳмон Сафар аз ҷумлаи маъдуд адибонест, ки ҷустуҷӯи ҷанговарони гумноми тоҷикистониро тамоми умр қарзи худ донистааст. Вай  даҳҳо хазор километр масофаро савораю пиёда тай намуда, қабри бештар аз 3000 ҷанговари шаҳидро, ки аз Тоҷикистон ба фронт рафтаанд, маълум кардааст. Барои ин кор ба ӯ  лозим омадаст, ки  бештар аз 280 дивизия ва 1000 полкро омўхта, дар хусуси зиёда аз 30000 ҳамдиёри ҷанговарамон маълумотҳои аниқ ҷамъ оварад. Раҳмон Сафаров қариб 4000 варақаи мукофоти ҷанговаронро нусхабардорӣ карда, феҳристи калонҳаҷм тартиб додааст.
Сафаров  Раҳмон  5  августи  соли  1930  дар  деҳаи  Шоҳраҷаби  ноҳияи Балҷувон таваллуд  ёфтааст. 

Адиби ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ

Адиби ҷанговар ва ҷангноманавис. Саҳнаҳои ҷангии дидаашро дар калонтарин романҳояш ба риштаи тасвир кашидааст. Дар ҷанг ҳам бо силоҳ ҷангид ва ҳам бо сухан. Аз ҳама навиштаҳояш роман ва повесту ҳикояҳои ҷангиаш пуртаъсиртаранд, чун шоҳиди рӯйдодҳо буд.

Фотеҳ  Ниёзӣ 18 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1929 омўзишгоҳи омўзгорӣ, баъдан Донишгоҳи

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба: Адиби ҷанговар Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ

Аз ҷумлаи адибони ҷанговар аст. Достонаш дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрйигитов бо номи «Шаби  пеш  аз  марг» аз он таъсирбахшу ҷолиб иншо шуд, ки саҳнаҳои ошноро рӯйи коғаз овард. Адибе, ки наср ҳам навишту назм ҳам, ҳаҷв ҳам иншо карду очерку публистистика низ.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ  7 –уми январи  соли  1924  дар  деҳаи  Лангарибобои  ноҳияи  Конибодом  дар  оилаи  хизматчӣ   таваллуд  ёфтааст.  Баъди  хатми  омўзишгоҳи  омўзгорӣ  ба ҳайси муаллим  кор кардааст. Соли  1942  ба  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  рафта,  дар

Страницы