библиографияи миллӣ

Михаэл Занд - олими пуркор, шарқшиноси муваффақ

Олиме, ки дар таблиғи адабиёти форсу тоҷик заҳматҳои фаровон кашидааст. Талош кардааст абармардони ин адабиёт ба мардуми рус ва халқҳои дигари русзабон ошно бошанд.
Дар бораи Рӯдакӣ ҳам навиштаву дар бораи Сино низ, аз Лоҳутӣ номаҳо дарёфт карду посухҳо навишт. Хулоса кӯшид то хидмате дар шарқшиносии рус карда бошад.
Занд Михаэл соли 1927 дар Каменетск-Подолск таваллуд шудааст,  олими яҳудӣ -  адабиётшинос,

Ёде аз Габриэл Гарсиа Маркес

“...вақтҳое, ки вай байни оддитарин ташвишҳои рўзгор ва муҳимтарин корҳои давлат фарқе намегузошт-ҳамаашро як хел, бесаброна ва ниҳоят бо ҷиддият иҷро мекард, вақтҳое, ки вай эътимоди комил дошт бо воситаи обутоби ҳарбӣ одамонро хушбахт кардан ва маргро фиреб додан мумкин аст!

Оқибат чӣ? Як пири фартут. Ва ақл бовар намекард, ки ин пири фартут ҳамон одамест, ки ҳукмаш ҳудуд надошт, ҳамон одамест, ки агар мепурсид, соат чанд аст, ба ў ҷавоб медоданд: “Ба шумо соати чанд даркор, генералам”!

Ва алҳақ  гардиши вақт дар ихтиёри ў буд; агар лозим бошаду раво донад, фармон медод, ки рўзро шаб гўед ва шабро рўз ва идҳои анъанавиро пешу пас мебурд, тақвимро

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафта....

Боз нафаре аз сафи кормандони Китобхонаи миллӣ аз ин олам ба олами дигар рахти сафар барбаст. Боз ситорае дар осмони зиндагӣ хомӯш шуд.  Боз як инсони самимӣ бо қалби пур аз муҳаббат ёру ошноро тарк кард, хонаи худро ба мотамсаро табдил дод, наздикону пайвандонашро ба азои худ гирифтор кард.

Наргис хеле бармаҳал аз олам рафт, вай нав аз

Академик Баҳодур Искандаров – фотеҳи ҷанг ва олими муваффақ

Олиме, ки майдони пурхатари ҷангро дидаву солҳо бо бӯйи боруту садои тонку тӯп зистааст. Аз муҳоорибаҳо ҷони солим бурдаву чун фотеҳи ҷанги хонумонсӯз ба Ватан баргаштааст. Аммо вуруд ба шоҳроҳи илм дарҳои дигари пирӯзиро ба рӯяш боз кардааст.

Баҳодур Искандаров 12-уми апрели соли 1912 дар деҳаи Сочарви  ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Дар хароботи муғон Салмон хароб уфтодааст...

Аз Салмони Соваҷӣ, ки ҳоло бо зикри чанд ҷумла ёде аз ӯ хоҳем кард,  дар ҳаҷми 16000 байт то замони мо расидааст. Ў ҳамчун шоири ғазалсаро эътибори калон дорад, дар инкишофи минбаъдаи ғазал аз ҷиҳати шакл ва мазмуну мундариҷа дар баробари Хоҷуи Кирмонӣ, Носири Бухороӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Ҷамолуддин бинни Хоҷа Алоуддин Муҳаммади

Э кош суруди бардавоме бошам...

Мисрае аз шоири хубу суханвари маъруфи тоҷик, марҳум Мастон Шералӣ. Шоире, ки дар як умри кутоҳ бо шеърҳои хубу пурмаъно ва навиштори дилписанду суханҳои дилчаспаш миёни ҳаводорони шеър маъруфият пайдо кард.  Ва агар умр вафо карда буд, имрӯз ба синни мубораки 82 қадам мегузошт. Вале дареғо, ки қисмат ӯро бармаҳал, дар баҳори 53-уми умр аз миёни ташнагони шеър рабуд. Мастон Шералӣ 20 апрели  соли  1935  дар  деҳаи  Зериҳисори  ноҳияи  Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1950 факултаи филологияи  Донишгоҳи  давлатии  Точикистонро  хатм  кард.
Солҳо  дар  рўзномаи «Маориф  ва  маданият»,  моҳномаи 

Страницы