библиографияи миллӣ

Даричаи ошноӣ: Нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод

“...Замони Шӯравӣ, дар муқояса бо замонҳои пеш, давраи эҳёи давлати тоҷикон аст, ки ба ин халқ ба вуҷуди ноқисӣ, ҳудуди маъмурӣ дод. Ва дар ин ҳудуди ноқиси маъмурӣ ҳама нишонаҳои як давлати мустақил, аз қабили конститутсия, ливо, герб ва гимн мавҷуд буд. Сохтори давлатӣ низ вуҷуд дош. Дар қоғаз ва дар забон буд ин ҳама имтиёзҳои давлатдорӣ, вале, ба ҳар ҳол, фаъолият мекард. Дар оғози кор кадрҳои маҳаллӣ сари

Даричаи ошноӣ: Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо 12-уми март зодрӯзи Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, яке аз машҳуртарин ва маъруфтарин достонсароёни адабиёти форсу тоҷик аст.
Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс бинни Юсуф бинни Закӣ бинни Муайид мутахаллис бо номи Низомӣ ва номвар ба Ҳаким Низомӣ шоир ва достонсарои порсигӯи ҳавзаи тамаддуни форсӣ дар қарни шашуми ҳиҷрӣ (дувоздаҳуми милодӣ) аст, ки ба унвони пешвои достонсароӣ дар адаби форсӣ шинохта шудааст.

Низомӣ дар зумраи гӯяндагони тавонои шеъри форсӣ аст, ки на танҳо

Агар Шодон Ҳаниф дар ҳаёт мебуд, 10-уми март ба синни 83 қадам мегузошт

Шодон Ҳаниф, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз адибони пурмаҳсул ва хушнависи кишвар 10 марти соли 1934 дар деҳаи Оҳалиқи вилояти Самарқанд ба дунё омадааст.
Соли 1958 шуъбаи тарҷумони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ходими адабӣ, мудири шуъбаи рўзномаи «Тоҷикистони советӣ», муҳаррир, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон», сармуҳаррири идораи барномасозии Вазорати фарҳанги

Бонувони соҳибкитобу ҳунарманде, ки ифтихори миллатанд

Дар остона ва рӯзи ҷаҳонии бонувон хоставу нохоста исми касоне ба забон меояд, ки барои миллат хидматҳои шоиста кардаанд ва мекунанд. Инҳо бонувони ҳунар, фарҳанг, адабиёт, илм ва майдони кору заҳмат мебошанд, ки тӯли умр талош кардаанд барои ин миллат заҳмат кашанд ва дар баробари ин аз худ номи нек боқӣ гузоранд.
Исми бонувони маъруф зиёд аст ва наметавон дар як матлаби кутоҳ ҳамаи

Аёдат: Сарвиниссо Сайидова – бонуе, ки муддати сӣ сол корманди Китобхонаи миллӣ буд

Савриниссо Сайидова аз ҷумлаи собиқадорони Китобхонаи миллист, ки муддати сӣ сол сарпарастии  як шуъбаи муҳимро ба уҳда дошт ва имрӯз бознишаста буда, давлати пирӣ меронад.
Савриниссо Сайидова 25-уми апрели соли 1953 дар ноҳияи Шаҳринав  ба дунё омадааст. Соли 1971 ба факултаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1975 бо муваффақият хатм

Даричаи ошноӣ: Расул Ҳодизода

Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони таърихи адабиёт аст, ки ҳамзамон даст ба эҷоди асарҳои бадеӣ ва тарҷумаиҳолӣ задаву муваффақ  ҳам шудааст.  Яке аз сермаҳсултарин олимони тоҷик аст. Таҳқиқоти зиёду пурарзишаш бидуни шак сарвати илмии миллат аст.

Расул Ҳодизода 6 марти соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Адабиётшинос ва нависандаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1970), профессор (1984). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии  Осиёи Миёна (1950) ва аспирантураи АФ Ҷумҳурии

Страницы