библиографияи миллӣ

Боғи ман, эй булбулон баҳор надорад...

Мисрае аз як шеъри шоири эронӣ Сиёвуши Касроӣ, ки аз ҷумлаи шоирони инқилобӣ дар Эрони шоҳаншоҳӣ маҳсуб мешуд. Сиёвуши Касроӣ барои удабои Тоҷикистон ҷомеаи фарҳангии кишвар ноошно набуд. Ӯро на танҳо мешинохтанд, балки китобҳояшро чоп кардаву аз ашъори хубаш баҳра бурдаанд. Сиёвуши Касроӣ агар зинда мебуд, ҳоло ба 83 медаромад.
Устоди марҳум Файзалӣ Наҷмонов пажуҳиши хебе дар бораи ашъори ин шоири номдор анҷом дода, ки бахше аз онро соли 1988 дар муқаддимаи “Маҷмуаи шеърҳо”-и адиб ҷо дода. Порае аз онро ин ҷо меорем.

Дар авали солҳои 50-ум, дар айни авҷи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ, дар Эрон як гурўҳ шоирони ҷавони боистеъдод ба майдони адабиёт қадам ниҳоданд, ки баъдан ба ашъори рангину

Адиб, сиёсатмадор, тарҷумон...

Ҳарчанд мактаби олии сиёсиро хатм кард ва ҳарчанд солҳо дар дастгоҳи сиёсии комсомол ва ҳизби коммунист кор кард, мудири шуъба ҳам буду Котиби комсомол ҳам, вале дар ёдҳо чун нависанда ва тарҷумон боқӣ монд. Ибод Файзулло шояд аз миёни ҳамаи аҳли адаби қарни гузашта бештар ба корҳои сиёсӣ ҷалб шуда буд. Вале имрӯз ҳам фаъолиятҳои журналистиву нависандагии ӯ барҷастатаранд.

Ибод Файзулло 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркўҳӣ ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДДМТ) -ро хатм кардааст.         
Солҳои 1959-1963 мудири шуъба, ҷонишини котиби масъули

Аз Нодир Одилов ва дар бораи ӯ чӣ дорем, ки бихонем?

Олими варзида, шахсияте, ки аз хурдӣ дин омӯхтаву Қуръону ҳадис омӯхтааст. Ва умре ин омӯзишҳои ҷавониро ба дигарон омӯзонидааст. Вай дар масҷиде минбар надошт, чун баъди хатми мактаб роҳи илмро пеш гирифт, фалсафа, таърих ва адабиёт омӯхт. Вале аз он замон ба имрӯз ҳаёташ аз Қуръону ҳадис ҷудо набуд. Имрӯз ҳам агар касе ба суҳбати Нодир Одилов биншинад, вай аз ахлоқи исломӣ бо ояту ҳадис ва садҳо байту ғазал нақл мекунад.

Кист Муҳаммад Авфии Бухороӣ?

Авфӣ  дар  ин  мусофирати  худ  ба  сўҳбати  олимон,  шоирон  ва  адибони  зиёде  мерасад  ва  ниҳоят  соли  1219  ба  Бухоро  бармегардад.  Дар  охири  соли  1220   ё  аввали  соли  1221,  баъди  ба  Мовароуннаҳр  ҳуҷум  кардани  муғулҳо  Авфӣ  ба  Ҳинд  муҳоҷират  мекунад. Дар  вилояти  Синд  ба  хизмати  Носируддини  Кубоча  дохил  шуда,  бо  вазири  ў  Айнулмулук  Фахриддин  тарҳи  дўстӣ  меафканад. Нуриддин Муҳаммад  ибни  Тоҳир ибни   Усмони  Бухороӣ  соли  1172-76  дар Бухоро  таваллуд  ёфтааст.  Давраи  бачагӣ  ва  таҳсили  ибтидоии   Авфӣ  дар  Бухоро  гузашта,  илмҳои  таърих , адабиёт, фиқҳ, санъати  хатотӣ  ва  ғайраро  омўхтааст.  Вай  ҳангоми  дар  Бухоро  тахсил  карданаш  бо  як  қатор  олимон

Шунидан кай будвад монанди дидан...

Ҳамин буд хулосаи мулоқоти кормандони Шуъбаи библиографияи милии Китобхонаи миллӣ дар ду мактаби пойтахт ва аз хонандагон даъват шуд, ки лутфан ташриф оранд ва бо чашмони худ бо шароити Китобхона шинос шаванд.
Кормандони  шуъбаи библиографияи милии Китобхонаи миллӣ дирӯз вориди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 9 ва 30-пойтахт шуданд, то бо хонандагону устодони

Ман бе ту намезиям, чу ой рӯзе...

“Асари Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ дар нишон додани аҳволи илмӣ, адабӣ  савияи маданӣ ва зиддиятҳои онзамонии Хуросону Мавароуннаҳр, Туркистон ва як қисми Эрон на танҳо ойина, балки як лавҳаи тасвириест, ки он аҳволи таърихиро ба назари хонанда  пайдарҳам ҷилва мекунонад….»

Зайниддин Маҳмуди  Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот таваллуд ёфтааст.
Ў аз овони хурдсолӣ ба омўхтани илмҳои замонааш пардохта, яке аз муншиёни машҳури даври худ мегардад. Аз синни 12-13 солагӣ шеър менавишт.
Восифӣ пас аз истилои шаҳри Ҳирот аз тарафи Шоҳ Исмоили Сафавӣ (соли 1510) ба таъқиби мазҳабӣ гирифтор шуда,

Страницы