библиографияи миллӣ

Олим, адабиётшинос ва рӯзноманигор Ҳамроқул Шодиқулов

Ангезаи ёд аз адабиётшиноси маъруф Ҳамроқул Шодиқулов хабари чопи китоби ёдномаи ӯ дар шаҳри Тошканд шуд. Дар остонаи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон нашриёти “Янги нашр”-и шаҳри Тошканд ёдномаи Ҳамроқул Шодиқуловро бо номи “Нишони некномӣ” бо сифати баланд аз чоп баровард. Китоб  бо ибтикори номзади илми филология Амина Шарофиддинова рӯйи чоп дидааст ва он аз

Аз Холиқ Мирзозода чиро метавон мутолиа кард?

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозода аз ҷумлаи пуркортарин олмони соҳа буд. Аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст ва китобу мақолоташ имрӯз ҳам дар макотиби олии кишвар мавриди истифодаи донишомӯзон қарор дорад.
Холиқ Мирзозода на танҳо ба таҳқиқи равандҳои рушди адабиёти муосир машғул буд, балки худ ҳам повесту роман менавишт.

Михаил Шолохов: Бузургтарин сарвати халқ ин забони ӯст

Нуфузи асарҳои Шолохов дар байни хонандагони тоҷик ва таъсири онҳо ба адабиёти реалистии тоҷик хеле  калон аст. Садриддин Айнӣ муҳаррири тарҷумаи тоҷикии “Замини корамшуда” буд. Дар романи “Ғуломон”-и С.Айнӣ таъсири ин асари Шолохов  дида  мешавад. Ҷалол Икромӣ аввалин романи худ- “Шодӣ”-ро дар зери таъсири “Замини корамшуда” таълиф намудааст.

Шолохов Михаил Александрович  25 майи соли 1905 дар хутори Кружилин, стансияи Вёшенская, ҳоло ноҳияи Вёшенская, вилояти Ростов таваллуд ёфтааст.
Аз ҷумлаи барҷастатарин навсандагони садаи бисти рус буд. Барои асарҳо ва хизматҳояш дар рушди адабиёт ду маротиба (солҳои 1967, 1980) унвони Қаҳрамонӣ Меҳнати Социалистӣ дарёфт кардааст.  Иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия,

Забоншиноси маъруф Тӯрақул Зеҳнӣ

Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони кишвар. Таълифоташ то кунун қиммати илмии худро гум накардаанд. Бахусус, асари ӯ “Санъати сухан” ҳоло ҳам барои макотиби олии кишвар чун китоби дарсӣ тадрис мешавад. Аз ҷумлаи шогирдони донишманди устод Садриддин Айнӣ буд.

Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1892 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст.   Соли 1905 аввал дар

Бахтиёр Муртазо-публистисти муваффақ

Бахтиёр Муртазо (Бахтёр Қосимзода Муртазо), адиб ва рӯзноманигори шинохта 23-юми майи соли 1940 дар рустои Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар хонаводаи зиёӣ дида ба олам кушодааст.
Гузаштагонашро аҳли илму фарҳанг ва донандагони хуби улуми исломӣ медонад. Бино ба гуфтаи ӯ бобои модариаш Мулло Хоҷа таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро ва бобои падариаш Сайид Муртазо хатмкардаи мадрасаи шаҳри Тошқурғони Афғонистон буданд. Соли 1937 тири хуношоми “тройка” хонадони онҳоро низ ба нишон гирифт ва ба ҷурми аҳли илм будан Сайид Муртазо қурбонии солҳои бедод шуд.
Падараш аз ҷумлаи омӯзгорони варзида маҳсуб мешавад

Рӯзе, ки шеър бар лаб аст....

Имрӯз, ду абаршоир, устодони назми муосир, ду шаҳсутуни шеъри миллат-Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат зодрӯз доранд. Ҳар касе бо шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот дорад, мебинад, ки даҳҳо тан аз ашъори ин ду шоири мумтоз пораҳо мегузоранд ва атрофи шеърҳо баҳс мекунанд. Рӯзест, ки ҳамагон аз шеър сухан мегӯянд, аз зиндаёд Лоиқ Шералӣ ёд мекунанд, ба Муъмин Қаноат табрикот ирсол мекунанд.
Шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ

Страницы