библиографияи миллӣ

Нависандаи шуҳратёри Шӯравӣ ва Русия Даниел Гранин дар синни 98-солагӣ аз олам даргузашт

Даниил Александрович Гранин – нависандаи машҳури Шӯравӣ ва Русия дар синни 98-солагӣ  бар асари беморӣ аз олам даргузашт.
Гранин муаллифи повесту румонҳои зиёде аз қабили “Ҷустуҷӯкунандагон”, “Ба тӯфон меравам”, “Лейтенанти ман”, “Китобҳои муҳосиравӣ” “Зубр” буд.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони кори сотсиалистӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР,  ва ҷоизаи Президенти Русия буд.

Агар Нодир Шанбезода дар ҳаёт мебуд...

Одамӣ бо одамӣ бояд наварзад душманӣ.
Хондаам ин дарси ибрат аз китоби дўстӣ.
Душманони сулҳи олам фитнаангезӣ кунанд,
Дасташон боист бастан бо таноби дўстӣ.

Нодир тахаллусаш фамилия ва номи аслияш Шанбезода Ҷамшед  аст. 20 июни соли 1908 дар деҳаи Роштқалъаи  райони Шуғнон дар оилаи деҳқонтаваллуд ёфтааст. Аз соли 1931 аъзои КПСС буд. Аз соли 1924 дар интернати шаҳри Хоруғ, Мактаби ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе (солҳои 1927 –1928), Университети коммунистии Осиёи Миёна (солҳои 1928 – 1932),

Профессор Худоӣ Шарифов 80-сола шуд

Худоӣ Шарифов мунаққид ва муҳаққиқи илми адабиётшиносии тоҷик буда, 25 июни соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвози Бадахшон дида ба олам кушодааст.

Соли 1961 ў факултаи таърихи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчун омўзгори забон ва адабиёти тоҷик пазируфта мешавад. То соли 1966 ба ҳайси ёвари устод, яъне ассисенти кафедраи адабиёти

Ӯлмас Ҷамол-шоири зуллисонайни тавонои Тоҷикистон аз олам даргузашт

27-уми июни соли 2017 Ӯлмас Ҷамол-дар синни 84-солагӣ шоире, ки бо ду забон-тоҷикиву ӯзбекӣ шеър менавишт аз олам даргузашт.

Ӯлмас Ҷамол 17-уми майи соли 1934 дар ҳаҳри Ургути Самарқанд дида ба олам кушодааст. Баъди итмоми синфи дуюм волидонаш ба шаҳри Душанбе кӯч бастаанд ва Ӯлмас мактаби миёнаро дар пойтахти давлати тоҷикон бо медали биринҷӣ хатм кардааст.  Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи

Ҷонон Икромӣ - фарзанди адиби номвар, ки кимиёшинос шуд

Фарзанди номдори Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ, ки бо пайроҳаи падар нарафт, нависанда нашуд, шоҳроҳи илмро тай кард ва кимиёшиноси барҷаста шуд. Аз ровиёни хуби рӯзгори Ҷалол Икромист. Баъди реҳлати адиби номдор бо навиштани даҳҳо мақолаву оростани суҳбатҳои ҷолиб аз ҳаёти падар ва рӯзгори хонаводаи адиб қиссаҳои ҷолибе кардааст.

Соҳиби “Девони зулф”

Зулфия Атоӣ (Атоуллоева  Зулфия) 15-уми июни соли 1954 дар деҳаи  Қалъаи Азими ноҳияи  Ғончӣ  дар хонаводаи  омўзгор  чашм  ба олами  ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи  забон ва адабиёти  Универститети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои  таҳсил ба шаҳри  Маскав рафт ва дар бахши назми Институти  адабии ба номи М. Горкий таҳсилро оғоз намуд. Соли 1977 баъди  хатми Институти  адабӣ ба шаҳри  Душанбе  омад

Страницы