Тоҷикистон абармардони бузурги сиёсат ва арбобони шоистаи давлат дорад, ки бо гузашти даҳсолаҳо аз даргузашташон ҳам аз онҳо ба некӣ ёд мешавад. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба омӯзиши таърихи миллату давлат таъкид мекунад. Ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ посдории таърих аст.
Яке аз ин мардони сиёсат ва арбоби шоиста дар давлатдории тоҷикон Ҷаббор Расулов буд, ки муддати зиёда аз 30 сол зина ба зина Тоҷикистонро сарварӣ кард ва бо ободкориҳову хизматҳои шоиста аз
Ин мусоҳибаи се соли пеш аст, ки дар “Нигоҳ” чоп шуда буд ва имрӯз, ки зодрӯзи маъруфтарин насРнависи муосир Баҳманёр аст, бо каме ихтисор нашр мекунам. Умедворам мақбули хонандагон қарор мегирад.
Нахуст мехостем дар бораи қадамҳои аввалинатон ба наср донем. Маъмулан ҳар касе мехоҳад ба майдони адабиёт ворид шавад, аввал шеър мегӯяд. Шумо чӣ?
- Ман наметавонам гӯям, ки нависанда шудан ин орзуи кӯдакии ман буд. Зеро то синфи 5 ман аслан ягон китоб нахонда будам. На китоби бачагона ва на китоб барои калонсолон. Вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, падарам
Баҳманёр аз зумраи маъруфтарин адибони муосир аст. Дар навиштани ҳикоя дасти расо дорад. Рустои тахаюлӣ бо номи Сармаддеҳ офарид ва як силсила ҳикоёти ҷолиберо аз ҳаёти мардуми он навишт, ки ба зеҳни хонандаи имрӯз хуб нишаст. Шояд аксари кулли ҳикоёташ бастаи ҳамин Сармаддеҳи хаёлист. Роман ҳам навишт бо номи “Шоҳаншоҳ”, вале ба иқрори худаш ин роман алҳол ҷойгоҳи худро дар адабиёт пайдо накард, чуноне ҳикояҳояшро мехонанд, романашро нахонданд.
Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Зодрӯзи ӯ ба ин хотир ҷои гап дорад, ки рӯзи марги яке аз шинохтатарин фарзандони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ буд. Баъдҳо, вақте дар нишастҳои дӯстон сухан аз ин боб мерафт, бо шӯхӣ мегуфтанд:
Ин як мисраъ шеъри Ҳайрат Шанбезода аст. Таронасарои Бадахшон, шахсе, ки хеле ғазалҳои равону дилчап гуфт. Шоире, ки аз Қудрати бадахшӣ зиёд ёд кард ва як силсила шеърҳои солҳои ҷавониашро ҳам ба ӯ бахшид. Дар хонаводаи шоир бузург шуд, гоҳ бо сабки падар шеър гуфт ва гоҳ рӯ овард бо ҳамон навои обшорони диёраш, ки ӯро шоир карда буд. Ва шеъраш ҳамнаво бо садои обшорон ба қалби дӯстдорони каломи бадеъ расид. Шеъре, ки ба осонӣ мехонӣ ва ба осонӣ ба ҳофиза ҷо мегирад.
Ҳайрат Шанбезода 4 июли соли 1933 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Соли1956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи
Аз ҷумла маъруфтарин чеҳраҳоим санъати тоҷик. Шахсе, ки ҳар нақшаш дар саҳнаи театр боиси гуфтугӯ буд, ҳар нақшаш дар сенамо хотирмону ҳамеша диданӣ.
Аввали моҳи июни соли равон нашри панҷуми китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон Зафар Сайидзода «История России: для таджикских трудовых мигрантов» аз чоп баромад. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, ин китобест аз таърихи Русия барои муҳоҷиронии кории тоҷик, касоне, ки муваққатан дар Русия мехоҳанд кор кунанд. Ҳадаф ошноии мухтасар бо таърихи мамлакатест, ки инсон мехоҳад дар он будубош дошта бошад.
Аз сӯйи дигар як шарти Ҳукумати Русия барои муҳоҷирини корӣ он аст, ки дар як сатҳи муайян забон, фарҳанг ва таърихи ин кишварро донанд. Зафар Сайидзода ин бори сангин ва заҳматталабро бар дӯш гирифтаву талош кардааст хеле мухтасару фаҳмо аз таърихи Русия барои муҳоҷирин ҳикоят кунад.