библиографияи миллӣ

70 соли пурбаракати умри адиби хушнавис муборак бошад!

Панҷуми августи соли равон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба синни мубораки 70 даромад. Адиби маъруф  5-уми августи соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Абдулҳамид Самад замоне по ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд. Чаҳорчӯба ва қолабҳои қаблан шаклгирифта  шикаста шуданд, дидгоҳҳо ва сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Чун дар рӯзноманигорӣ солҳо қувва озмуду хабару лавҳаю очеркҳои

Фирўза Амоноваро бишносем

Ӯ ҳамагӣ 50 сол умр дид. Шахсе, ки дар ҳамин умри кутаҳ аз худ даҳҳо асар бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба ёдгор гузошт. Дар таҳкими равобит бо марокизи эроншиносии олам хизматҳои арзишманд кард.

Фирўза Амонова    30-уми июли соли 1951 дар  шаҳри  Душанбе  ба  дунё  омадааст.  Шарқшиноси  тоҷик,  доктори  илмҳои  филология  (1991),  профессор (1998).   

Хатмкардаи  Университети  давлатии  Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии

Фахриддин Алии Сафӣ - соҳиби «Латоиф-ут-тавоиф»

Фахриддин Алии Сафӣ, фарзанди донишманди Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳарчанд аз муфассирони хуби Қуръон, донандаи таърихи адабиёт ва адиби номвар аст, вале бештар бо латоифи дилчаспаш миёни аҳли адаб ва мардум маъруфият дорад. Мутолиаи латоифи ӯ пеш назарҳо марди баркамол ва зариферо намудор мекунад.

Фахриддин Алии Сафӣ соли 867 ҳиҷрии мутобиқ ба 1463 милодӣ дар мавзеи Байҳақи Сабзавор дар хонаводаи олиму нависанда, шоиру воиз ва фақеҳу муҳаддиси номвари қарни XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба дунё омада, тақрибан дар соли 1480 милодӣ бо ҳамроҳии хонавода ба Ҳирот кўчида, таҳсилоти илмӣ ва касби камоли ў дар ин шаҳр дар

Бирафтам аз ватани чашми ту, ки ҷоям нест ...

Сиёвуш Ҷунайдӣ (Маҳмадалӣ Ҷалилов) аз шоирони навгӯ, тасвиргарост. Бештар шеъри нав мегӯяд, пайрави аз Суҳроби Сипеҳрӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Меҳди Ахавони Солис, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор дорад. Ҳанӯз солҳои 80 ва 90-и асри гузашта миёни ҷавонон бо шеърҳои хубу дилкаш маъруфият пайдо карда буд. Дилбастагӣ ба театр дорад ва як асари драмавии ӯро театри Қурғонтеппа ба саҳна гузошта буд.

Сиёвуш 20 июли соли 1963 дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Соли 1985 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Корманди маркази вилоятии омўзиши фарҳанги мардум

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод

Аҳмадҷони Раҳматзод 20-уми июли соли 1953 дар собиқ деҳшўрои ба номи Калинини ноҳияи Кагановичобод (ноҳияи Колхозобод) дар оилаи  деҳқон таваллуд  ёфтааст. Соли 1969 мактаби миёнаи ноҳияи Хуҷандро  тамом  карда,  ба  факултаи  таърих ва  филологияи Донишкадаи  омўзгории  шаҳри  Ленинобод  дохил  шудааст  ва  онро  соли  1973 хатм намудааст.
Бо  роҳхати  Вазорати  маорифи  ҷумҳурӣ  дар  ноҳияи  Косонсои  вилояти  Намангони Ўзбекистон омўзгорӣ кардаст. Солҳои 1975-1976 дар хидмати  харбӣ  будааст. Аз соли 1976  то  соли  1991  дар  идораи  рўзномаи  «Ҳақиқати Ленинобод» дар  вазифаҳои  мухбир,

Маъруфтарин сарояндаи эстрада

Аз ҷумла ҳунармандони варзидаи экстрадаи тоҷик, аз бунёдёдгузорони дастаи маъруфи ҳунарии “Гулшан”. Дар сурудани таронаҳо сабки хоси худро дорад. Хеле аз сурудҳояш, ки ҳарчанд солҳои 80-и асри гузашта суруда шудаанд, ҳоло ҳам миёни мардум маъруфият дорад.
Баҳодур Неъматов 20-уми июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Овозхони эстрадаи  тоҷик, Ҳунарпешаи  шоистаи Тоҷикистон. Соли 1990 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъатро хатм кардааст.
Аз соли 1977 дар ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекард. Аз январи соли 2001 то апрели 2003 роҳбарии онро ба уҳда дошт.

Страницы