библиографияи миллӣ

Аҳмади Шомлуро ҳам бояд шинохт

Ҳам шоир буд ва ҳам рӯзноманигор, ҳам нависанда ва ҳам фарҳангнавис, ҳам пажӯҳишгар ва ҳам мутарҷим. Ҳунари ровигӣ дошт, ғазалиёти классиконро хеле хубу ҷолиб мехонд. Садои ҷаззоб дошт, шеърро ба маъно мехонд, аз қироаташ кас ба маънии шеър мерасид.

Аҳмади Шомлу аст ва бо тахаллуси Бомдод шеър гуфтаву нависанжагӣ карда. Соли 1925 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Дар давраи  ҷавониаш шеърҳои худро бо тахалуси Алиф бомдод ва Алиф субҳ мунташир мекард. Дар ҳаракатҳои демократӣ ва миллии

Профессор Имомназар Келдиев

Таълифот ва пажуҳишҳои олими шинохта Имомназар Келдиев акнун моли таъриханд. Барои касоне, ки таърихи 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва ҳизби коммунистро мехоҳанд омӯзанд, муътамадтарин манбаъ таълифоти профессор Келдиев буда метавонад. Наметавон бе мутолиаи пажуҳишҳои Имомназар Келдиев чеҳраҳои сиёсие чун  Абдулло Раҳимбоев ва Чинор Имомовро

Эраҷ Мирзо – мадеҳасарои модар

Беҳтарин шеърҳои Эраҷ Мирзо дар васфи модар ва зан гуфта шудаанд «Модар», «Дили модар» ва ғайра. Модарномаи Эраҷ  Мирзо дар тамоми адабиёти Шарқ мавқеи баланд дорад.  Эраҷ  Мирзо яке аз асосгузорони адабиёти бачагонаи муосири форсист. Ў якчанд асарҳои нависандагони Ғарбро ба форсӣ тарҷума кардааст.  Соли 1926 дар шаҳри Теҳрон вафот кард.

Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Пўлод Толис

Пӯлод Толис аз ҷумлаи маъруфтарин адибони солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта буд. Шахсе, ки аз аввалин қадамҳояш ба адабиёти диққати Айниро ба худ кашид. Умри хеле кутоҳ дид, вале асарҳояш мондагоранд. Ҳар он чизе навишт, имрӯз ҳам хонанда дорад. Сабку услуби хосашро бузургоне чун Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода Фазлиддин Муҳаммадиев сутудаанд.

Пўлод Толис (Пўлодов Толстой) 24 –уми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд

Профессор Абдусаттор Нуралиев - устоди мумтози журналистони тоҷик

Аз аввали солҳои 70-и асри гузашта ҳар касе бо ихтисоси журналист факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм кард, ҳатман, ки сабқҳои устод Абдусаттор Нуралиевро ёд дорад.  Муддати ин бештар аз 50 сол устод гоҳ омӯзгори журналистон будаву гоҳ сарвари кафедра ва гоҳи дигар декани факултет. Аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруф ва пажуҳишгарони борикназаранд.

Страницы