библиографияи миллӣ

Сухан пирона гӯям дар ҷавонӣ...

Раҳмат Назрӣ аз наслест, ки солҳои 70 ба арсаи адабиёт қадам гузоштаанд. Солҳое, ки дасти ҷавонон адибони машҳуре чун Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода мегирифтанд. Ва аввалин маҷмуъаи шеърии Раҳмат Назрӣ ҳам соли 1973 бо сарсухани Боқӣ Раҳимзода чоп шудааст.

РАҲМАТ НАЗРӢ 15 – уми октябри соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш ва соли 1973 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонидааст.Чанде мухбири рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1973-1979), коргузори Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон (1979-1983), мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири

Ёде аз Маҳмуди Воҳид дар 78-умин солгарди умраш ва дар остонаи чиҳилумин соли маргаш

Ҳар сол бо сад дарду алам дар ин рӯз аз ӯ ёд мекунем. Ва чиҳил сол аст, ки зодрӯзаш бе ӯ мегузарад. Чиҳил сол аст, ки дар сӯги ӯ менависанд ва ин чиҳил сол захми набудани ӯ дар қалби ҳаводорони санъати асил шифо наёфт. Имрӯз ҳам дар сӯгаш сухан мегӯем, имрӯз ёди ӯ мекунем. Ва ҳамин гуна солҳову даҳсолаҳо дар ёду хотири миллат Маҳмуди Воҳид 38-сола боқӣ мемонад. Зиндаёд Одина Ҳошим гуфта: «Маҳмудҷон ҷуз хизмати халқу диёр фикри дигаре надошт. Ҳама вуҷуди ў санъат буд. Ў як рукни хеле 

Манфред Лоренс: Олмоние, ки Тоҷикистон барояш азиз буд

25-уми майи соли 2017 дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Берлини Олмон профессор Манфред Лоренс аз олам даргузашт. Шахсе ҳузури физикии худро дар олам қатъ кард, ки бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дошт ва миллати мо ва сарзамини моро чун ватанаш дӯст медошт. Вай бо забони форсӣ аз тариқи шоири эронӣ Бузурги Алавӣ, ки дар Донишгоҳи Берлин дарс мегуфт, ошно шуд.

Раҳим Ҳошим: адабиётшинос, адиб ва тарҷумони маъруф

Олими маъруф, мутарҷими шинохта, шахсияти соҳибэҳтиром. Умре кори пажуҳишӣ кард ва дар миён китобҳои дарсӣ ҳам навишт ва беҳтарин асарҳои адабиёти ҷаҳонро тарҷума кард.
Моҳи октябр ба дунё омад ва боз дар ҳамин моҳ тарки олам кард.

5 – уми октябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1916 мактаби усули навро хатм карда, аз соли 1918 дар мактабҳои навтаъсисе, ки Устод Айнӣ дарс мегуфтанд, таълим гирифтааст. Баъдан донишҷӯи Дорулмуаллимини Самарқанд шуда, таҳсилро дар мактаби русӣ идома додааст. Аз соли 1924 ходими адабии маҷаллаи «Маориф ва ӯқитувчӣ» ва рӯзномаи

Дар бораи Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?

Аз ҷумлаи машҳуртарин чеҳраҳои илмиву адабӣ ва динии тоҷик аст. Соҳибмактаб ва соҳибкитоб. Файласуфи машҳур, шоире борикназар, носире хушсухан. Дар сафарноманависӣ беҳамто, пандномааш бӯйи Қуръону Ҳадис мекунад. Хондани осораш ҳаловати хос дорад.

Носири Хусрави Қубодиёни шоири форс-тоҷик, файласуф, арбоби дин соли 1004 дар деҳаи Юмгони Бадахшон дар оилаи давлатманди  асилзода ба дунё омадааст. Аз айёми кўдакӣ ба омўзиши илмҳои замони худ, аз қабили сарфу наҳв, забони арабӣ, илми адаб, фалсафа, табииёт, тиб, ҷуғрофия, нуҷум , фиқҳ ва ғайраҳо машғул шудааст.  Дар солҳои ҷавонӣ дар дарбор дабирӣ  кардааст.

Хусрави сармаст андар соғари маънӣ бирехт...Аз даргузашти Амир Хусрави Деҳлавӣ 692 сол сипарӣ мешавад

Сухан аз Амир Хусрави Деҳлавист, ки 27-уми сентябри соли равон ба вафоташ 692 сол мешавад. Амир Хусрав яке дигар аз суханварони форсигӯи ҳавзаи адабии Ҳинд аст.

Ва матлабро аз ин ғазали зебо оғоз кунем. Ғазале, ки як замон дар Тоҷикистон ҳам гуруҳҳои гуногуни Шашмақом месуруданд. Ва чӣ навои дилангезе дошт оҳанги ин ғазал:

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.

Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар,
Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?

Страницы