библиографияи миллӣ

Дили ман чоркитоби ишқ аст

Андешаҳо перомуни таъсирпазирии Фарзона аз ашъори Мавлоно

Адабиёти оламшумули форсӣ- тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон бо исми зиёди шоирони номвари худ ифтихор мекунад. Вусъати иттилоот ва андеша, шиддати ҳаяҷонҳои руҳӣ, шӯриши эҳсосот, танавӯъи мазомину тасовир, дарки маърифати ҷаҳоншиносиву ҳастӣ ва шинохти дардҳои дарунии инсон аз ҷониби аксари шоирони номвари

Ман ҳурии нилуфарам рӯида дар мурдобҳо...

ФАРЗОНА – дар авҷи бедориҳои милли тоҷикон дар солҳои 1980, дар айни хурӯши ҳақталабии тоҷикон аз хоҷаҳои Маскав, дар тӯфони наҳзати талош баҳри расмият додани забони модарии мо, ки ҳама тоҷикони Варорӯд саҳиму якпорча буданд, чун суруше аз Хуҷанд пайки наҷиби ниёгон дод.
ФАРЗОНА – то имрӯз нақди адабӣ ҷойгоҳи воқеъийи сухани ӯро арзёбии комил накардааст. “Паёми никон”-и ФАРЗОНА аз беҳтарин асари адабии садаи бисти Варорӯд аст.

Аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ чӣ метавон хонд?

Шоир, адабиётшинос ва мунаққид. Шахсе, ки тавонистааст ҳам шеър нақд кунад, ҳам шеър нависад ва ҳам шеъри гузаштагонро ба имрӯзиён муаррифӣ созад.

Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ  29 октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст.   Адабиётшинос ва шоири тоҷик.  ДДМТ- ро хатм кардааст.

Аз муаллифи “Кимиёи саодат” бихонем...

Дар бораи Абуҳомиди Ғазолӣ сухан гуфтан чандон осон нест. Олими забардаст, донишманду фақеҳ ва шахсиятест омӯхта, файласуфест борикназар, муҳаққиқест пурдон. Вай соли 1058 дар шаҳри Тӯси Эрон таваллуд шудааст. Мутакаллим, фақеҳ ва сўфии форс-тоҷик буд. Илмҳои замонашро дар Гургон ва мадрасаи «Низомия» -и Нишопур назди Абдулмаолии Ҷувайнӣ солҳои 1028-1085 омўхтааст.

Солҳои 1091-1095 мударриси мадрасаи «Низомия»-и Бағдод буд ва ба унвони «ҳуҷҷат –ул- ислом» ноил гардид. Соли 1095 Ғазолӣ Бағдодро тарк карда, қариб 10 сол дар Шом, Фаластин ва Ҳиҷоз зист. Муҳимтарин асарҳояш дар ҳамин солҳо таълиф шудаанд. Соли 1105 ба Нишопур баргашта муддате дар мадрасаи «Низомия» дарс гуфт. Сипас ба зодгоҳаш омада хонақоҳ барпо кард ва то охири умр дар он ҷо ҳаёти сўфиёна ба сар бурд.

Наваду як соли устод Муҳаммадҷон Шакурӣ

Дар бораи ин донишманди варзида ва ин шахсияти наҷиб хеле мебояд гуфт. Инсоне, ки тамоми умр бори заҳмати фарҳангу таҳлили таърихи фарҳанги миллиро кашид. Ва аз дунё замоне реҳлат кард, ки ба сони як китобхонаи бузург аз худ китобу мақолоти хонданӣ барои наслҳо боқӣ гузошт. Ҳаққо, ки устод Шакурӣ ҳузури физикии худро дар ҷомеа қатъ кард, вале асарҳои ӯ, пажуҳишҳои мондагораш боз даҳсолаҳову садсолаҳо барои худшиносии миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Дар муаррифии Иттифоқи нависандагони кишвар, ки устоди шодравон аз соли  1956 узвияти онро дошт, омада:

МУҲАМАДҶОН ШАКУРӢ 30 октябри соли 1926 дар Бухоро, дар

Профессор Худоӣ Шарифзода дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт

Профессор Худоӣ Шариф, донишманди маъруф, адабиётшиноси шинохта ва муҳаққиқи варзида дирӯз 29-уми октябр дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Устод Худои Шариф моҳи июни соли равон 80-солагии худро таҷлил карда буд. Муддати начандон тӯлонӣ бемор буд ва дирӯз мурғи ҷонаш ба малакути осмонҳо парвоз кард.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, ки устод Худоӣ Шариф аз соли 1979 узви он аст, омада:

ХУДОӢ ШАРИФЗОДА 25 июни соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи

Страницы