библиографияи миллӣ

Ёде аз устод Рӯдакӣ дар намоиши китоби Шуъбаи библиографияи миллӣ

Субҳи имрӯз Шуъбаи библиографияи миллӣ фаъолияти худро аз баргузории намоиши китоб бахшида ба Рӯзи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз кард. бахши дар Рӯзи Рӯдакӣ намоиши китоб доир кард.
Хонанадгони толори хониши ин шуъба имрӯз имкон доштанд бо китобҳое чун “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ”, “Ёдномаи устод Рӯдакӣ”, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Девони Рӯдакӣ”, “Ишқи Рӯдакӣ”, “Одамушшуаро Рӯдакӣ” ва ғайра аз наздик ошно шаванд.
Имрӯз дар сар то сари кишвар Рӯзи устод Рӯдакӣ буд. Аз сари субҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон ҳамдигарро ба ин рӯзи муборак табрик мекарданд, қитъаҳои шеърӣ аз устод мегузоштанд, дар бораи ӯ ҳарф мезаданд.
Рӯзи Рӯдакӣ ва шеъри Рӯдакӣ, Рӯзи гиромидошти хотираи устоди шоирони олам буд.

Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист...

Дар ғариби ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ,во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб.

Иқтибосе аз машҳуртарин ғазали Хоҷа Комоли Хуҷандӣ. Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ— маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ буд. Дар Хуҷанд зода шуд, вале дар Табрез фавтид. Аз шуароест, ки сафаркарда. Баъди як сафари

Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист...

22-уми сентябр Рӯзи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакист. Ин матлаб ба ҳамин муносибат аст. Дар бораи устоди ҳама шоирони олам. Дар бораи азизе, ки зиёда аз даҳ аср аст шеъраш вирди забонҳост. Шахсе, ки дар ин беш аз ҳазор сол ҳам қиммати як байташ кам нашуд. Шоири шоирон, устоди устодон. Шоире, ки ба таври ҳамешагӣ номи устодӣ дар шеърро ба худ ихтисос дод ва ин беш аз ҳазор сол вай барои шоирони ҳамаи наслҳо устод монд.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад машҳур ба Рўдакӣ шоир, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик соли 858 дар деҳаи Рўдак,

Муаллифи Суруди миллӣ 72-сола шуд

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи шоирони саршиноси кишвар аст. Ҳам шеър гуфтаву мегӯяд ва ҳам насри эътирофшуда дорад. Барои бачаҳо низ ашъори сара сурудааст ва дар ин ҷода ҳам муваффақ будааст.

ГУЛНАЗАР (Гулназар Келдӣ) 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст.

Баъди бо нишони тилло фарҷом бахшидани мактаби

Академик Собит Неъматуллоев

Аз ҷумлаи шинохтатарин олимони муосири кишвар аст, аввалин касест, ки системаи сеймсология дар Тоҷикистонро ба танзим даровард. Аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи сейсмологияи минтақавӣ ва муҳандисӣ ба шумор меравад.

Собит  Неъматуллоев 16 –уми сентябри соли 1937 дар шаҳри Ўротеппа (ҳозира ш. Истаравшан) таваллуд шудааст. Олими тоҷик дар соҳаи сохтмони зилзилабардор, аъзо-корреспонденти Академияи

Аз Мутеулло Наҷмиддинов дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?

12 сентябри соли 1927 дар деҳаи Варзики ноҳияи чусти вилояти Намангон ба дунё омада, барвақт аз навозиши падари мударрисаш маҳрум гардида, рӯзҳои сахтеро аз сар гузарондааст.

Солҳои Ҷанги Бузури Ватанӣ ба сари хонадонашон кулфатҳои дигаре бор гардиданд. Гушнагиву қаҳтӣ мардуми нодору ночорро тут барин мерезонд.

Дар ин даврони сангини қашшоқию гуруснагӣ Мутеулло ҳамроҳи бародараш Имомуддин аз Сурхӣ ном силсилакӯҳе, ки дар шарқи деҳа сар кашида буд, хок оварда, дар деги пуроб ҷӯшонда, намак ҳосил мекарданд. Намакро дар бозори гузар фурӯхта, ғизое мехариданд.

Страницы