Мир Сайид Алӣ бинни Шаҳбуддин бинни Муҳаммад Ҳамадонӣ 12-уми моҳи раҷаби соли 714-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 12-уми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.
Дар таълим ва тарбияи Алии Ҳамадонӣ саҳми тағояш Сайид Алоуддинро бағоят калон аст. Сайид Алоуддин худ аз ашхоси бонуфўз ва маърифатноки давр буд ва дар тарбияи маънавии Алии Ҳамадонӣ саҳми
Абўрайҳон Берунӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ – олими бузург, қомуснигор, мутафаккир, муаллифи асарҳои бешумор оид ба таърих, ҷуғрофиё, забон ва адабиёт, ахтаршиносӣ, риёзӣ, механика, геодезия, минералогия, дорушиносӣ, геология ва ғайра. Олиме буд, ки ҳама илмҳои замони худро фаро гирифта. Танҳо номӯги таълифоти олим 60 саҳифа бо ҳарфҳои хурдро ташкил додааст. Асарҳои худро форсӣ-тоҷикиву арабӣ навиштааст.
Берунӣ 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кот, Хоразм ба дунё омадааст. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абўнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ соли (940-998) меомўзад.
Расул Ҳамзатов аз ҷумлаи маъруфтарин адибони замони Шӯравӣ дар қаламрави паҳновар буд. Адибе, ки даҳҳо китоб аз худ мерос гузошт. Шояд миёни адибони он замон серкитобтарин адибон ӯ буд. Маъруфияти хос дошт, ашъораш бо ҳама забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шудаву китобҳояш берун аз маҳдуди СССР ҳам борҳо интишор ёфтаанд. Ва муҳимтар аз ҳама дӯсти беғарази адибони тоҷик буд. Тоҷикистонро сарзамини
Раҳмон Пиров 3-уми июли соли 1951 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи математикаи ДДОД (1973). Омӯзгор, номзади илмҳои физикаю математика (1984), дотсент (1990), узви вобастаи Шӯъбаи тоҷикистонии АИ байналмилалии мактабҳои олӣ (2008). Аз соли 1973 то соли 1977 ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ аз соли 1977 то 1979 муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада. Аз соли 1979 то соли 1982 аспирант. Аз соли 1982 то 1993 муаллими калон ва дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ, аз соли 1993 то 1998 мудири ҳамин кафедра, аз соли 1998 то соли 1999 муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада оид ба илм.
Дар нахустин рӯзҳое, ки тирамоҳи зарин бӯи хазон ва бӯи висол меовард, ҷоми шаҳодат ба сар кашид. Ман намедонам дар лабҳои ҳазинаш чӣ калимоте чархиданд. Вале қалби поки аз меҳри Ватани хунинкафанаш умре гулгун ин бор оғӯшта ба хун буд. Вай садҳо, балки ҳазорҳо шаҳиди роҳи озодиро бо ҷомаҳои хунолудашон ба хок супурда буд. Ва ҳазорҳо маротиба сари хоки шаҳидон сухан аз қасос ронда буд ва ҳоло худи ӯ бо ҳамон
Ширкаткунандагони як мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ субҳи имрӯз мушкилоти китобхонаҳо дар кишварро ба баҳс кашиданд.
Субҳи имрӯз дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои библиографияи миллӣ, хизматрасонии библиографӣ ва шуъбаи абонименти байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони