Ба ном ва эҷодиёти зиндаёд Баҳром Фирўз ҳанўз айёми таҳсил дар мактаби миёна ошно будам. Дар ибтидо шеър менавишт ва мо, шогирдони дабистон ашъори ошиқонаи эшонро аз саҳифаҳои рўзномаву моҳномаҳо хонда, ба дафтари дил менавиштем. Баъдан гулчине аз эҷодиёти адиб бо номи «Розҳои маҳтобшаб» аз силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт» ба нашр расид, ки мамлув аз чакомаҳои ошиқона буд.
Аз ҷумлаи машҳуртарин шоирони эронист. Муҳаббате ба Тоҷикистон дошт, дар сӯги Мирзо Турсунзода шеъри хубе сурадааст. Аз пайравони мактаби шеъри Нимо ва аз муваффақтаринҳо дар шеъри нав аст.
Шоири эронӣ Нодири Нодирпур 6 июни соли 1929 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 ба Франсия рафт ва бо илму фарҳанг ва адабиёти ин сарзамин шинос гардид. Охири соли 1980 Нодирпур боз ба Франсия муҳоҷират намуд ва дар он ҷо зиндагиву кор
Олиме буд маъруф. Муддати 23 сол Президенти Академияи илмҳои кишвар буд. Роҳаш ба илм баъди хатми ҷанге сар шуда, ки муддати 5 сол худи ӯ дар ҷабаҳоташ буд. Тири фашист ӯро накушт, вале аз дасти ҳамватани нохудогоҳ ба қатл расид.
Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аъзо-корреспонденти АФ Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои ҳаққиқии АФ ҷумҳурӣ, доктори илми фалсафа, профессор.
1 – уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд
Доктори илм Қосимшо Искандаров бидуни шак муаррих ва пажуҳишгари таърихи садаи бистуми Афғонистон аст. Бахусус, дар таҳлили рӯйдодҳои ду даҳаи охир хеле афкоре баён дошта, ки метавонад чун беҳтарин маводи таҳлилӣ дар шинохти имрӯзи сиёсатҳо атрофи Афғонистон хизмат кунад.
Қосимшо Искандаров 27 – уми августи соли 1953 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд шудааст. Доктори илми таърих (2004) аст.
Соли 1979 факултаи таърихи Университети давлатии
Шодравон А.Л.Хромов – донишманди нуқтасанҷи забоншиноси шинохта, топонимисти машҳур ва яке аз эроншиносони кишварамон буд.
Ў 28 – уми августи соли 1930 дар шаҳри Новгороди Федератсияи Русия дар оилаи афсари ҳарбӣ чашм ба арсаи ҳастӣ кушодааст. Соли 1954 шўъбаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм
Ҳуте Иоҳанн Волфганг шоир ва мутафаккири олмонӣ, табиатшинос ва яке аз чеҳраҳои матраҳи илм ва фарҳанги ҷаҳон аст. Шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, олимест, ки фалсафааш пайравони зиёде дар ақсои олам пайдо карда.
28-уми августи соли 1749 дар шаҳри Франкфурти лаби Майн дар оилаи мушовири империя таваллуд шудааст. Дар донишгоҳҳои Лейпсиг солҳои (солҳои 1765-1768) ва Страсбург (солҳои 1770-1771) таҳсил кардааст.
Аввалин маҷмўаи шеърҳояш соли 1769 нашр шуд. Шеърҳои