библиографияи миллӣ

Муҳиддин Хоҷазод дар остонаи 80-умин баҳори умр

Сарнавишти Муҳиддин Хоҷазод худ мавзуъи даҳҳо роман аст.  Сахтиҳои рӯзгорро аз замони тифлӣ бар дӯш доштааст; дар кишвари ғариб дида ба олам во кардааст ва ҳамроҳ бо волидон заҳри ғарибиҳо чашидаву кулфати беватаниро эҳсос кардааст. Имрӯз аз зумраи хушнавистарин адибони кишвар аст. Асарҳояд бо чандин забонҳо ҳам тарҷума шудаанд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Хоҷазодро ин гуна муаррифӣ кардааст:

МУҲИДДИН ХОҶАЗОД 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи

Сухане чанд дар бораи Аълохон Афсаҳзод

Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони кишвар буд. Донишманди шинохта, матншиноси барчаста. Ҳамагӣ 63 сол умр дид, вале аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузошт.

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон  Афсаҳзод  10- ўми ноябри соли 1935 дар деҳаи Воруи ноҳияи  Панҷакент дар оилаи деҳқон зода шудааст.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  чанд муддат омўзгор буд. Соли 1961 дар вазифаи  лаборант  ва баъд  ходими  хурд ва калони илмии  Шуъбаи  шарқшиносӣ  ва осори  хаттии АУ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ( солҳои  1962-1968) кор кардааст. Аз соли  1971 то охири  умраш мудирии шуъбаи  матншиносӣ ва нашри  осори адабии

Сад соли пири журналистони тоҷик

Устод Асрорӣ сазовори ҳамин унвонанд, яъне ба маънои том УСТОД!

Пири ҳамаи журналистони тоҷик, поягузори мактаби назариявиву амалии журналистика, асосгузору шуъбаву факултаи журналистика дар кишвар.  Бе ёди устод Асрорӣ наметавон таърихи журнаилистикаи тоҷикро навишт.

Устод Асрорӣ ҳама марҳилаҳои ҳаётро тай кардаву танҳо бо заҳмати хорошикан соҳиби шуҳрат шуда. Замоне ба майдони ҷанги хонумонсӯз сафарбар шуд, ки аввалин шеърҳояш рӯйи чоп медиданд. Ба майдони адабиёт ва илм бо шеър ворид шуд ва аввалин чакидаҳои хомааш дар бораи Тоҷикистон буданд.

Ёде аз адиби ориф ва хушбаён

Адиби маъруф, муаллифи беҳтарин повесту ҳикояҳо барои ҷавонон, таронасарои муҳаббати ҷавонӣ, шоир ва мутарҷим Баҳром Фирӯз ҳамагӣ 55 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ аз худ осоре ба ҷой гузошт, ки хонданиву сутуданист.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи адиби шинохта  мехонем:           

БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 – уми ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик,

Нависандаи маъруфи рус Михаил Задорнов тарки олам кард

Михаил Задорнов,- адиби ҳаҷвнигори рус баъди зуҳри дирӯз дар остонаи 70-солагӣ аз олам даргузашт. Адиби маъруф муддати тӯлонӣ аз бемории саратони мағзи сар ранҷ мекашид.  Мегӯянд вақтҳои охир вай ҳатто аз табобати дар бемористон ҳам даст кашид, чун мехост бештар бо пайвандону дӯстонаш бошад. Шояд адиб дигар бовар карда буд, ки аз ин касалӣ раҳоӣ надорад ва ҳама гуна кимиётабобатиҳо беҳудаанд.  

Вай аслан бемории худро шаҳр ҳам намедод, аз суолот дар маврид канораҷӯӣ мекард ва намехост таваҷҷуҳи расонаҳо ба масъалаҳои шахсиву саломатии вай кашида шавад.

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳро бишносем

Адиби маъруфе, ки қариб дар ҳамаи жанрҳои шеъри шеърҳои хуб сурудааст ва аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштааст. Бо се забон шеър гуфта ва дар ҳарсе забон муваффақ будааст.

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ шоир, олим ва маорифпарвари тоҷик соли 1817 дар Бухоро таваллуд шудааст. Мадрасаро дар Бухоро  соли 1844 хатм намудааст.

Страницы