библиографияи миллӣ

Бунёд Ширин-аз ширинсуханони назми муосир

Аз ҷумлаи шоирони ширинсухани тоҷик буд. Агар умр вафо мекард, ҳоло аз баҳори 76-уми зиндагӣ гул мечид. Дареғо, ки 6 сол қабл ҷамъи моро тарк кард ва муштоқони шеърашро дар суг нишонд. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагон дар борааш мехонем:

ШИРИН БУНЁД (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович) 14 декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд ёфтааст.

Падараш ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ӯ чун ятими ҷанг дар тарбияи модари колхозчияш мондааст.

Бо вуҷуди душвориву нодориҳои сахти зиндагӣ, соли 1948 ба мактаб

Академик Абдулғанӣ Мирзоев ва мактаби илмии ӯ

Академик Абдулғанӣ Мирзоевро устод Соҳиб Табаров олими соҳибмактаб номида буд. Ва ин ҳақиқати маҳз аст. Абдулғанӣ Мирзоев шахсияти нотакрорест, ки дар адабиётшиносии муосири тоҷик соҳиби мактаби таҳқиқотии худ буд ва даҳҳо шогирдонаш имрӯз ҳам дар ин арса майдондорӣ мекунанд. Аз фавти олими маъруф бештар аз 40 сол сипарӣ шуд, вале мактаби вай побарҷост. Иттифоқи нависандагон олими шинохтаро ин гуна муаррифӣ кардааст:

АБДУЛҒАНӢ МИРЗОЕВ 22 ноябри соли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё зода шудааст. Соли 1918 мактаби миёнаро хатм карда, дар навоҳии гуногун дар вазифаҳои котиб ва мудири шуъбаи кумитаи иҷроия фаъолият бурдааст. Дар КИМ РСС Тоҷикистон низ кор кардааст.

Кайҳонаварди дили инсон

Адиби оламшумул Чингиз Айтматов аз дӯстони хеле наздики адибони тоҷик буд. Вай ба адабиёти пурғановати форсу тоҷик эҳтироми хоса дошт ва борҳо ба Тоҷикистон омадаву дар чорабиниҳои адабиву фарҳангии кишварамон ширкат кардааст. Ҳамзамон адибони маъруфи тоҷик низ ҳамеша меҳмонони азизи ин нобиғаи асри 20 ва аввали асри 21 буданд.

Дар бораи Чингиз Айтматов ҳарфи гуфтанӣ зиёд

Зуфархон Ҷавҳарӣ – шоире, ки баъди суҳбат бо Бобоҷон Ғафуров дубора ба адабиёт баргашт

“Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест. Мумоилайҳ шеърро  басо устодона менигорад.  Зотан Ҷавҳарӣ ба таври қадим аз устодони адаби он давра аст. Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст аммо дар тақлид он қадар сохтакорию такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин аз ин тақлид ба фасоҳати табии забон  зарари куллӣ рӯй надодааст.

Ҷавҳарӣ дар насри форсӣ низ муқтадир аст, лекин насрашро ниҳоят душворфаҳм менависад.  Бо хоҳиши фақир барои  тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта фиристода буд, ки нисбатан ба соири  мансуроташ  хеле сода аст... ”.  (Садриддин Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик)

Хуршед Каримов – олими беназири рустанипарварӣ дар Тоҷикиситон

Каримов Хуршед Ҳилолвич дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Аз маъруфтарин олимони соҳаи рустанипарварӣ дар кишвар буд. Шахсе, ки таълими мактабҳои Шӯравиро гузаштаву дар соҳаи кишоварзӣ кашфиётҳои беназир кардааст. Китобҳои ӯ ҳоло ҳам мавриди омӯзиш дар донишгоҳҳоянд. Як силсила аз пажуҳишҳои вай ба хоҷагии халқ миллионҳо даромади соф овардаанд.
Хуршед Каримов - доктори илми биология 10

Шоири халқ - Юсуф Вафо

Дар аввалин солҳои пирӯзии инқилоби Октябр ва ташкили Тоҷикистони Шӯравӣ Юсуф Вафо ва Сайидалӣ Вализода машҳуртарин шоирони мардумӣ буданд. Бо сабки дилнишин ва заболни ноби тоҷикӣ ва фаҳмо ба кулли мардум рӯбоиву дубайтӣ мегуфтанд. Ашъорашон мардумӣ шуд, чун аз даҳон ба даҳон мегузашт ва танҳо хеле баъдҳо сурудаҳои Юсуф Вафо дар шакли

Страницы