библиографияи миллӣ

Ёде аз аввалин китобдори унвондори кишвар

Китобдори ҷанговар, шахсе, ки корномаҳояш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо чандин ордену медалҳо қадр шуда. Ва баъди бозгашт ҳам дар арсаи кор корномаҳои дигар дошт. Аввалин китобдоре, ки соли 1957 бо унвони фахрии «Китобхоначии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» таҳти рақами 1 сарфароз гардидааст. Шинос шавед: Суяр Иброҳимов!

Моҳи январи соли 1910 таваллуд шудааст. Мактаби ФЗЧ-и назди фабрикаи ба номи Степан Халтурини шаҳри Ленинград (1930-1933) ва Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинободро (1960) хатм кардааст. То сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудири шуъбаи пионерони КМ ЛКСМ-и Тоҷикистон, сардори яке аз раёсатҳои

Саду панҷ соли София Тўйбоева

30-уми январи соли 2018 София Тӯйбоева –яке аз машҳуртарин ҳунармандони саҳнаи театр ва синемои кишвар 105-сола мешавад. Ҳамкасбону ҳамкорон, пайвандонаш ин санаи муҳимро бе ӯ ҷашн мегиранд. Матлабе, ки дар зер меояд, муаррифии кутоҳе аз ин ҳунарманди нотакрор аст.

София Тўйбоева 30 январи соли 1913 дар шаҳри Қазалӣ (Қазоқистон) дар оилаи савдогар таваллуд ёфтааст. Падари София Эрмуҳаммад ба

Марҳабо Ҷабборӣ: олим, сиёсатмадор, ходими давлатӣ

Марҳабо Ҷабборӣ аз ҷумлаи олимаҳои кишвар аст, ки дар баробари комёбиҳои назаррас дар пажуҳиши забоншиносӣ дар вазифаҳои давлатӣ низ кор карда, то ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Вале ҳамеша ҷӯёву пӯёи илм будааст ва дар мавзуъҳои забоншиносии муқоисавӣ пажуҳишҳои арзишманде доштааст.

Марҳабо Ҷабборӣ 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодом дида ба олам кушодааст. Доктори илми

Профессор Мукаррама Қосимова 85-сола шуд

Устоди Донишгоҳи миллӣ, яке аз муваффақтарин бонуи илми тоҷик, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова имсол ба синни мубораки 85 даромад. Мукаррама Қосимова аз аввали солҳои 50 асри гузашта вориди шоҳроҳи илм шуд ва ҳамоно чун як ғаввоси моҳир дар баҳри нопайдоканори илм шино мекунад.

Қосимова Мукаррама Набиевна 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодом дар оилаи яке аз поягузорони журналистикаи тоҷик шодравон Набии Фахрӣ таваллуд шудааст. Соли 1950 ӯро ба шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин овард. Баъди хатми факултаи филологияи тоҷик, соли 1955 ба аспирантура дохил шуда, роҳи душвори илм ва мушаххасан соҳаи забоншиносиро интихоб намуд.

Раҳими Мусулмониён: олиме, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод

Ду сол пеш хабари фавти устоди шодравон Раҳими Мусалмониён маро дар як поси шаб дарёфт. Замоне буд, ки баъди фароғат аз ташвишҳои рӯзгор мехостам каме истироҳат кунам. Ва як занги телефонӣ ҳаввосамро парешон кард: устод Раҳими Мусалмониён даргузаштанд.

Ин паёми кутоҳ бас буд, ки дар он торикии шаб фиғон кунам, хотиротамро такурӯ намоям, як бори дигар савори шаҳпари хотираҳо фарозу нишеби беш аз бист соли пешро тай кунам.

Оре, беш аз бист соли пеш. Солҳое, ки фазои Тоҷикистони азиз бӯйи борут мекард, замоне, ки ҷаҳл бар ақл пирӯз шуда буд, замоне, ки хун мерехт ва садҳову ҳазорҳо азизон аз тарси ҷон аз кишвари маҳбуб фирор мекарданд. Ва дар миёни ин садҳову ҳазорҳо даҳҳо тан аз фарзонагони миллат

Олими кимиё Султон Собиров

21-уми январи соли равон олими шинохтаи соҳаи кимиё, профессор Султон Собиров 85-сола мешуд. Аммо ёрону дӯстону шогирдонаш ин санаро бе ӯ таҷлил мекунанд.

Султон Собиров аз ҷумлаи олимони машҳури соҳаи кимиёст. Муаллифи бештар аз 100 асари илмӣ ва 10 шаҳодатномаи муаллифӣ. Соҳиби шогирдони бешумор ва даҳҳо тан таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадиву

Страницы