библиографияи миллӣ

Нуринисо Бобоҷонова – сарваре бо хотироти нек

Нуриниссо Бобоҷонова, ки муддати 20 сол сарварии калонтарин китобхонаи кишвар, Китобхонаи ба номи Фирдавсиро ба ӯҳда дошт, акунун ба синни 87 расид. Шахсияте, ки то ҳанӯз собиқадорони китобдорӣ хотироте неке аз замони роҳбарияш дар хотир доранд.

Нуринисо Ҳомидҷоновна 9-уми марти соли 1931 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дар оилаи омўзгор таваллуд ёфтааст.  Ў пас аз хатми мактаби миёна (1948) ба Омўзишгоҳи занонаи омўзгории шаҳри Сталинобод дохил мешавад ва онро соли 1952 бо баҳои аъло хатм мекунад. Солҳои 1952-1954 ба ҳайси инструктори КМ ЛКСМ Тоҷикистон кору фаъолият мекунад ва баъдан солҳои 1954-1959 таҳсилро дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДДМТ) идома медиҳад. 

Агар Ҳилолиён Аскар зинда мебуд, 95-умин солгарди ҳаёташро ҷашн мегирифт

Адибе, ки қатори садҳо муҳоҷири дигар аз Эрон ба Тоҷикистон омад ва муқими кишвари мо шуд. Бо повесту ҳикояҳо ва очеркҳояш маълуму машҳур шуд. Дар Эрон дида ба олам кушод ва дар тоҷикистон дида аз олам баст.

Алиаскар Ҳилолиён  (Алиаскар Ҳилол-ўғлӣ) 25 марти соли 1923 дар шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омадааст. Солҳои 1929-1938 маълумоти умумиро фаро гирифт. Донишҷўи мактаби олии

Низомуддин Алишери Навоиро бишносем

Дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – ду шоири маъруф ва ду донишманди муътабар намунаи таърихии дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон аст. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва одӣ шудани равобит миёни ду кишвар бори дигар ёдҳоро ба таърихи куҳан бурд. Бори дигар номи Алишери Навоӣ ва Абурраҳмони Ҷомӣ вирди забонҳо шуд. Дар пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе боғе дар ҳоли бунёд аст, ки номи Алишери Навоӣ дорад.

Кист Алишери Навоӣ?

Навоӣ, Фонӣ Низомуддин Алишер 9 феврали соли 1441 дар  деҳаи

Наврўз ва наврўзшиносӣ дар Тоҷикистон

Наврўз ба ҳайси яке аз унсурҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои  Афғонистон, Эрон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон рўзи 30 ноябри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-умини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Наврўз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда,

Лаҳзаҳои нотакрор: тақдими китоб ба Президенти Тоҷикистон

Яке аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу нишотовари сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин лаҳзае буд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон ба Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду китоберо, ки дар Ӯзбекистон ба тозагӣ ба нашр расида буданд, ҳадя намуд. Яке аз ин китобҳо «Ҷомӣ ва Навоӣ» ном дошта, дар он номаҳое, ки ин устоду шогирд ба якдигар

Адиб ва рӯзноманигори шинохта Муҳибуллоҳ Қурбон 70-сола шуд

Муҳибуллоҳи Қурбон аз ҷумлаи эҷодгаронест, ки дар рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ муваффақ аст. Ӯ танҳо як рӯзноманигоре нест, ки бо очерку лавҳаву гузоришҳояш шуҳрат дошта бошад, балки муассиси чандин нашрияи хонданӣ барои бачаҳост. Даҳҳо повесту ҳикояҳояш бо образҳои нотакрор кайҳост ба дили ҳаводорони наср роҳ ёфтаанд.  Муҳибуллоҳи Қурбон ҳамчунин филмноманависи маъруф аст.

Страницы