библиографияи миллӣ

Ёде аз Атахон Сайфуллоев

Аз даргузашти олими маъруф, нависандаи шинохта ва пажуҳишгари пуркор Атахон Сайфуллоев бештар аз як сол гузашт.  Ва агар зинда мебуд, ин шабу рӯз ба 85 қадам мегузошт. Атахон Сайфуллоев аз ҷумла олимони машҳури кишвар буд ва ҳарчан муддате  сарварии Кумитаи радио ва телевизиони мамлакатро ҳам ба уҳда дошт, вале фаъолияти ӯ дар пажуҳишҳои илмиаш барҷастатаранд.

Атахон Сайфуллоев  1 – уми майи соли 1933 дар шаҳри

Пири шоирони муосири тоҷик ҳам даргузашт

Пири шоирони муосири тоҷик ҳам даргузашт

Ҳанӯз аз даргузашти Бозор Собир бист рӯз ҳам нагузашта устод Муъмин Қаноат-сартоҷи шоирони муосири кишвар дунёи фониро тарк гуфт.   Устоди шоирони муосири тоҷик. Дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст. Бахусус, достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд.  

Муъмин Қаноат  20 – уми майи  соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи  Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Устоди “Шашмақом”, оҳангсоз, ҳунарманди нотакрор

Номи Шоҳназар Соҳибовро дар радифи касоне мегузоранд, ки аввалин бор “Шашмақом”-ро ба нота даровардаанд. Ва аз донандагони маъруфи ин дурдонаи мусиқии Шарқ буд. Шоҳназар Соҳибов имсол 110-сола шуд. Дар чанд сатр аз ӯ ёд мекунем.

Шоҳназар Соҳибов 15 майи соли 1908 дар Бухоро, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳофиз ва оҳангсози тоҷик буд.

Ҳаштод соли Бурҳон Ғанӣ-адиби хушгуфтор ва ҷавонмарги тоҷик

Бурҳон Ғанӣ аз ҷумлаи адибони муваффақ дар жанри ҳаҷв буд. Умре дар маҷаллаи “Хорпуштак” кор кард ва дар навиштани памфлет ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ дасти расову қалами сабз дошт.  Риштаи умраш 26 сол пеш, аниқтараш охири соли 1992 ба таври фоҷеавӣ канда шуд. 26 сол аст, ки дар маҳофили адабӣ хандаи ӯ ба гӯш намерасад. Агар зинда мебуд, имсол синнаш ба ҳаштод мерасид.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:

БУРҲОН ҒАНӢ 1 майи соли 1938 дар деҳаи Роғифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таваллуд ёфтааст.

Акбар Махсумов: олиме, ки беҳтарин роҳбар будааст

16 сол пеш қалби олими пуркори соҳаи кишоварзӣ Акбар Махсумов аз задан бозмонд. Акбар Махсумов донандаи хуби соҳа, олими пуркор буд, ки ҳам кори илмӣ мекард ва ҳам дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият дошт. Бо гузашти солҳо ҳамоно дастуру китобҳои ӯ дар пешрафти илми кишоварзии мамлакат хидмат мекунанд. Ва агар умр барояш вафо мекард, имсол ба синни мубораки 90 қадам мегузошт. Аз ӯ ёд мекунем.

Бозор Собир - шоири дарошнои миллат даргузашт

Субҳи имрӯз аз шаҳри Сиетли ИМА хабари даргузашти устод Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон расид. Шоир муддати як моҳ дар бемористони ин шаҳр бистарӣ буд.

Шоире, ки саропо дар ишқи Ватан месӯхт, шоире, ки ҳар мисраъ шеъраш бӯйи сабзаву райҳони Ватан мекард, шоире, ки солҳо дар муҳоҷират зист, вале лаҳзае бе ёди Тоҷикистон набуд, имрӯз тарки олам кард. Дар Душанбе ин лаҳзаҳо борон

Страницы