18 майи соли 1938 дар деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, солҳои 1961-1963, дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Сариосиё омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ва мудири бахши таълим будааст.
Соли 1963 дар Институти забон ва адабиёти ба
Агар профессор Қамариддинов зинда мебуд, 26-уми май ба синни муборак 85 қадам мегузошт. Олими барӯманд соле пеш, аниқтараш 9-уми май, 17 рӯз пеш аз зодрӯзаш тарки олам карда буд. Аз профессор Қамариддинов, ки табиби ҳозиқ ва донишманди шинохта буд, китобҳои зиёди пажӯҳишӣ боқӣ мондаанд, ки барои наслҳо хидмат хоҳанд кард.
Хушқадам Қамардинов 26 майи соли 1933 дар ноҳияи Ишкошими ВАБК, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 факултети муолиҷавии Институти тиббии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон) хатм кард. Солҳои 1958-1960 ҷонишини сардухтури беморхонаи райони Ишкошим кор кардааст.
Писари Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, абарустод Садриддин Айнист. Аз ҷумлаи маъруфтарин донишмандони кишвар буд. Дар рушди илм хизматҳои шоиста кардааст. Муаллифи пурарзиштарин китобҳои пажӯҳишист.
Камол Айнӣ 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар хонадони Устод Айнӣ, ба ҷаҳон омадааст.
Профессор Ҳилол Каримов миёни мардум чун муаллифи китоби “Алифбо” шуҳрат дошт. Даҳсолаҳо аз “Алифбо”-и срилики ӯ хату савод меомӯхтанд. Аз ҷумлаи забоншиносони матраҳ дар кишвар буд. Омӯзгори соҳибтаҷриба ва даҳсолаҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи миллист, дарси забон омӯхтаст. Аз таваллудаш 110 сол гузашт ва аз вафоташ 33 сол.
Каримов Ҳилол Каримович забоншинос, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон 15 майи соли 1908 дар шаҳри Конибодом дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Собиқадори маорифи халқи РСС Тоҷикистон, соли (1973) профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Николай Заболотскийро барои он мехоҳем ёд кунем, ки шефтаи назми форсӣ-тоҷикӣ буд. Ва осори Масъуди Саъди Салмон, Аҳмади Дониш ва Сайидои Насафиро аз тоҷикӣ ба русӣ баргардонида буд.
Заболотский Николай Алексеевич 7 майи соли 1903 дар шаҳри Қазони Русия ба дунё омадааст. Соли 1925 Институти давлатии педагогии Ленинградро хатм кардааст. Заболотский Н. А. муаллифи маҷмўаҳои ашъори «Сутунҳо» 1929, Китоби дуюм «Шерҳо» 1948-1958 мебошад.
Заболотский на танҳо шоири тавоно, балки мутарҷими бомаҳорат низ мебошад. Вай беҳтарин намунаҳои адабиёти халқҳои СССР ва хориҷиро бағоят ҳунармандона ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Шоир, тарҷумон, нависанда, публистист...Оре, Бобо Ҳоҷӣ адиби ҳамакора буд. Очерку публистистика ҳам менавишту шеъру ғазалу тарона ҳам. Ва дӯст медошт барои бачаҳо зиёд нависад. Аз зумраи адибони муваффақи кӯдакнавис ҳам буд. Шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам гуфтааст, адибони машҳурро тарҷума ҳам кардааст.
Бобо Ҳоҷӣ шоири тоҷик 1 майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1951 шуъбаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рўзномаҳо ва маҷаллаи «Машъал», муҳаррири калони радиои тоҷик, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон»-у «Маориф» будааст. Солҳои охир дар нашриёти «Адиб» кор