Чаро ҳазрати Мусо (а) аз чӯпон барошуфт?
Миллати Мавлоно аз ҳама динҳо ҷудо – ишқ аст ва «ошиқонро миллату мазҳаб Худост». Ҳамзамон, Мавлоно ошиқи зиндагист, зиндагии пироста аз ахлоқу имону ихлосу ишқи бериё бо он Дилбари бенамунаву беҳамто ва ҳам Ӯст моро офарида ва ин авотифи накӯро дар ниҳоди мо сиришта. Чандин ҳикоёти ҷолибу дилнишини «Маснавӣ» далел бар ин аст. Ишқ низ аз назари Мавлоно бар мабнои покийи зоҳиру ботин аст, ки тавзиҳи муфассали он дар чаҳорчӯби суҳбати ҳозир мавқеву маҳак надорад.
Аз марги нобаҳангоми мутарҷими шинохта Ҳабиб Аҳрорӣ 35 сол сипарӣ шуд. Агар умр вафо мекард, имсол садупанҷсола мешуд. Ҳабиб Аҳрорӣ беҳтарин повесту румонҳои машҳури адабиёти ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Шоҳкории Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ” низ бо заҳмати вай тоҷикӣ чоп шудааст.
Ҳабиб Аҳрорӣ 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар оилаи қаннод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мутарҷим, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Соли 1941 Факултаи забон ва адабиёти русии Институти педагогии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро худи ҳамон сол
Шамсиддини Шоҳин аз ҷумлаи шоиронест, ки зиёд мавриди таваҷҷӯҳи пажӯҳишгарон қарор гирифтааст. Аз он маорифпарваронест, ки солҳои охир осорашро зиёд чоп кардаанд ва дар борааш пурарзиштарин таҳқиқотҳо анҷом шудааст. Ӯ соли 1857, яъне 161 сол пеш ба дунё омада ва хеле ҷавон, дар синни 36-солагӣ тарки олам кардааст. Дар ҳамин умри кутоҳ Шоҳин осори гаронбаҳое аз худ мерос гузоштааст.
Замоне аз муваффақтарин вазирон маҳсуб мешуд. Аммо курсии вазирӣ барояш осон ба даст наёмада буд. Барои расидан ба ин вазифаи баланд, солҳо дар соҳаи фарҳанг кор кард: хабарнигор ҳам буду сармуҳаррири радио ҳам, директори он ва баъдан дар чандин вазифаи дигари фарҳангӣ ифои вазифа намуд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 августи соли 1953 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд ба дунё
Замистони сарди соли 2016 қалби яке аз олимони маъруфи кишвар, модари Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона, профессор Бароат Ҳоҷибоева аз задан бозмонд. Олими шинохта аз баҳори 88-уми умр гул мечид, ки миқрози аҷал таноби умраш бибурид.
Бароат Абдураҳимовна хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи донишгоҳи давлатии Хуҷанд), омӯзгори забон ва адабиёти русӣ дар мактаби миёнаи № 3-и шаҳри Ленинобод, сарварии қисми таълим, ҳамзамон сармуаллими кафедраи адабиёти рус ва хориҷа (1958-63), и.в. ноиб ректор оид ба илм (1970), ноиб ректор оид ба таълим
Ҳакимҷон Аҳмадов аз ҷумлаи олимони шинохтаи кимиёст. Ҳамеша талош кардааст кашфиётҳои илмиашро дар шакли китобу дастурамал интишор диҳад.
Ҳакимҷон Аҳмадов 8- уми июни соли 1948 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Кимиёдон, доктори илми кимиё (соли 1998) , Академия Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи факултети кимиёи Унверстети