Имрӯз ба зодрӯзи яке аз пурмаҳсултарин пажӯҳишгарони осори гаронмояи адибони форсу-тоҷик, шинохтатарин рӯдакипажӯҳишони олам Абдулғанӣ Мирзоев саду даҳ соли пур мешавад. Ва чиҳилудуввмин сол аст, ки олими барӯманд тарки олам кардааст. Осораш номи ӯро тӯли ин солҳо зинда доштааст ва даҳсолаҳову садсолаҳо боз аз ҷумлаи беҳтарин донишманд боқӣ хоҳад монд. Пажӯҳишҳои ӯ умри абад доранд.
Абдулғанӣ Мирзоев 12 декабри соли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё зода шудааст. Соли 1918 мактаби миёнаро хатм карда, дар навоҳии гуногун дар вазифаҳои котиб ва мудири шуъбаи кумитаи иҷроия фаъолият бурдааст. Дар КИМ РСС Тоҷикистон низ
Аз таваллуди Самад Ғанӣ 110 сол ва аз вафоташ 44 сол сипарӣ шуд. Ҳамоно яке аз адибони дӯстдошта боқӣ мондааст. Дромнависи хубе буд, ҳаҷвнигори мушоҳидакор ва журналисти соҳибтаҷриба буд. Дар тарҷумаи осори адибони рус ҳам дасти расо дошт. Ёдаш ба хайр!
Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллими Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рўзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рўзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст.
Муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Сурх», Корманди Институти
Навиштаи ҳеч шоире миёни ҷомеа ба ҳадди навиштаву мусоҳибаҳои Зиё Абдулло баҳсбарангез набуд. Вай он чизеро мегуфт, ки дигарон наметавонистанд бигӯянд ё метавонистанду намегуфтанд. Ва суҳбатҳояш аз таърихи фалсафаву шеъру сиёсат ва дину оин, муллову олим баҳсҳои доманадореро дар матбуоти муосир ба бор овардааст. Интихоби сарлавҳаи ин навиштор низ аз матбуот аст. Аниқтараш сарлавҳа моли Ҷ.Сафарзода аст, ки соли 2010 дар Нури зиндагӣ чоп шудааст. Шоири маъруф 10 декабр ба синни мубораки 70 доромад.
Зиё Абдулло Зиё Абдулло (Абдуллоев Зиёдулло) 10 ноябри соли 1948 дар деҳаи Хишткўпруки ноҳияи Қубодиён зода шуда, шаҳодатномаи
Ҷўроббофӣ як намуди ҳунари бофандагӣ буда, аз ҳунарҳои суннатии бонувони кўҳистон мебошад. Ин ҳунар бештар дар ноҳияҳои минтақаи кўҳӣ рушд ёфтааст, зеро он ба коркарди нахи пашмин марбут аст. Тавре ки сарчашмаҳои таърихию мардумшиносӣ иттилоъ медиҳанд, ҷўроббофӣ дар охирҳои садаи ХIХ дар Бадахшони Тоҷикистон маъмул будааст.
Барои бофтани ҷуроб ҳунармандон, асосан, аз сихҳои махсус истифода мебаранд ва ҷуробҳо бо тарзҳои дусиха, сесиха, чорсиха бофта мешавад. Замонҳои пеш онро аз химчаи чўбҳои сахт, бахусус дарахти тўғ тайёр мекарданд, ки он ҳам устои махсуси худро дошт. Дар баъзе деҳаҳои дурдасти кўҳистон ҳоло ҳам занони куҳансол ёфт мешаванд, ки аз сихҳои
Дар бораи Нуруллоҳи Абдуллоҳ сухан гуфтан шояд чандон мушкил набошад. Зеро замоне аз чеҳраҳое буд, ки ҳаддиақал ҳар ҳафта дар телевизион бо барномаи басо диданиву ҷолиби “Беғараз панд” ҳувайдо мешуд. Ва мардум ба ҳарфаш ва ба насиҳатҳояш бовар мекунанд, чун аз сидқ сухан мекунад, ҳар саҳнаи пешниҳодиро шарҳи хубе медиҳад.
Аммо ӯ танҳо насиҳатгӯи саҳнаҳои “Буғараз панд” нест, балки ҳунармандест, ки миёни
Сарвар Амирҷонов умри зиёд надид. Дар баҳорои 48-уми умр аз олам даргузашт. Замоне тарки дунё кард, ки нав шеърҳояш ба дили хонандагонаш роҳ ёфтаву нахустин китобҳояш чоп шуда буданд. Аммо дар ин умри кутоҳ ҳам тавонист бо ашъори тозаву дилкаш ва тарҷумаҳои хубаш умри худро ҷовид гардонад.
Сарвар Амирҷонов 12 ноябри соли 1938 дар