библиографияи миллӣ

Ҳунарҳои мардумӣ: ДЎҒКАШӢ

     Дўғкашӣ раванди ҷудо кардани равғани маска аз ҷурғот мебошад, ки онро дар минтақаҳои Тоҷикистон инчунин маскакашӣ, гуппизанӣ, куппизанӣ  меноманд. Дар истеҳсоли суннатии равғани маска дастгоҳҳои гуппӣ (куппӣ) ва чархдегу чархчўб истифода мешаванд.

     Шакли гуппӣ ба охури дарозрўя монанд буда, баландияш 0,8-1 м ва қутраш 30-40 см аст. Даҳони гуппӣ 15-20 см буда, ғунҷоишаш 10-15 летр мебошад. Гуппиро, асосан, аз гили

хатари терроризм дар олам

“Раванди рўй  додани амалётҳои терористӣ дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI нишон медиҳад, ки ягон давлати абарқудрати  дунё дар танҳои  аз ўҳдаи  бартараф кардани хатари терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир баромада наметавонад. Зеро амалётҳои террористии дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Россия рўйдода  нишон медиҳанд, ки терроризм торафт бештар хусусияти байналмилалӣ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: СОЗТАРОШӢ

Созҳои мусиқии нафасӣ аз чўби зардолу, тут, чормағз ва найшакар (бамбук) ва филиз созта мешаванд. Дар раванди коркарди маҳсулоти чўбӣ барои сохтани созҳои нафасӣ (най, сурнай, тутак) устоҳо бо асбобҳои одии исканҷа нуқсонҳои на он қадар мураккабро дар чўб бартараф намуда, сипас бо симарра ё дастгоҳи наҷҷорӣ дигар корҳои нафаси созро аз рўи қолаб анҷом медиҳанд.

Олами созҳои мусиқии Тоҷикистон хеле рангин буда, ҳар як сози мусиқӣ сохт, намуд, садодиҳӣ ва хусусиятҳои ба худ хосро дорост.

Пайванди ногусастании наслҳоро метавон дар ҳунари аксар устоҳои

Бо рӯймол чӣ гуна мерақсанд?

Дар асри XX дар санъати рақсии касбӣ ва ҳаваскорӣ намудҳои гуногуни ин рақс ба вуҷуд омаданд. Дар санъати ҳаваскорӣ устодон рақси якка, дунафара ва шакли гурўҳии ин рақсро ба саҳна  гузоштанд. Дар шакли гурўҳии рақси мазкур дувоздаҳ духтар рўймолҳоро дар ду даст гирифта ба рақс мебароянд. Онҳо дастҳояшонро бо рўймол ин сў алвонҷ дода, ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққосаҳо дар як саф истода ба ду қатор

Рақси остин дар манотиқи гуногуни кишвар

Дар варианти рақси мастчоҳӣ саростинчаҳои дарози раққоса аз матоъҳои сурх, гулобранг ё сафеди гулдузӣ дўхта шудаанд, ки онҳо аз панҷаи даст 20 см берунтар баромадаанд. Занҳо бо чунин остинҳо таҳти навои доира ё суруд бо зарби мусиқии 6/8 мерақсанд. Остинҳоро бо як ва бо ду даст ба китф бо навбат мепартоянд, дар ин вақт пайкари зан ин ё он тараф ҳаракат мекунад. Дастҳоро ду тараф кушода, остинҳоро меафшонанд ва як остинро пеши худ ва

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧЎББОЗӢ

Чўббозӣ хоси мардуми кўҳистонаст, зеро дар гузашта марди кўҳистонӣ, вақте ки аз хона мебаромад, ҳатман бо худ чўб ё таёқ мегирифт. Чўбдастро ў ҳангоми дар пайраҳаи кўҳӣ роҳ гаштан, гову гўсфандонро рондан ва ҳамчун силоҳи одӣ барои муофизат аз ҷонварони ваҳшӣ истифода мекард.

Чўббозӣ рақси ҷанговаронаи мардона буда, онро як ё ду нафар иҷро менамоянд. Рақс лаҳзаҳои ҷанги сарбоз, шикор, мусобиқаи паҳлавониро таҷассум мекунад. Ба ин рақс

Страницы