библиографияи миллӣ

Ҳунарҳои мардумӣ: ТАБАҚТАРОШӢ

   Ҳунари табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, ки ба сохтани табақу қошуқ ва дигар ашёи чубӣ алоқаманд аст. Ин ҳунар мутобиқи  талаботи мардум ба табақи чубин то ба имрўз фаъол  мебошад. Дар навоҳии водиҳои Ҳисору Рашт ва вилояти Хатлон мардум хўрокҳои анъанавӣ: қурутоб, шакароб, шўрбо ва чанде дигарро мардум дар табақи чўбин истеъмол мекунанд.

Ҳунарҳои мардумӣ: КОРДСОЗӢ

    Дастаи кордро аз устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида дар чарх ҷойхои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд. Гулўбанду сарбанд аз ду тарафи даста  гирифта, дастаҳоро аз ҷудошавӣ нигох медоранд. Дар кордсозӣ нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ, занҷира, тасвири офтобу моҳу ситора ва ғайра ба кор меравад. Нақшҳоро дар теғу даста ва гулўбанду сарбанд ба тарзи ҳаккокӣ,

Тунукасозӣ низ аз ҷумлаи ҳунарҳои мардумист

      Ҳунари тунукасозӣ дар ороиши деворҳо, бомпўш, нигасаи хона ва дигар қисмҳои бино ба кор бурда  мешавад. Устоҳои тунукасоз дар иҷрои корҳои  истеҳсолӣ аз асбобу олоти хосси ин ҳунар: миқрози тунукабурӣ, анбўр, сандон ва хоиск, гиро, кордҳои махсус, исканаву сумба ва чанде  дигар истифода мекунанд. Дар пайванд кардани тунукапораҳо устоҳо аз усулҳои  қаткунӣ, кафшери  махсус ва баъзан ширешҳо истифода  мебаранд.

 Тунукасозӣ яке аз бахшҳои пешаи оҳангарӣ мебошад, ки ба коркард  ва истеҳсоли маснуоти

Рағза чист?

     Рағза матои дурушти пашминест, ки риштаи он аз пашми гўсфанд тайёр мешавад. Ҳунари рағзабофӣ асосан дар байни тоҷикони кўҳистон ва қисми водиҳо, ки ба парвариши гўсфандон шуғл доранд, аз замонҳои қадим маъмул буд. Рағзабофӣ кори занҳо буда, одатан онҳо дар фасли зимистон ришта ресида, аз он дар дукон матои рағза мебофтанд. Нахуст пашми гўсфандҳоро тарошида, аз он тавассути дук (дар баъзе ҷойҳо онро «орчуқ» ё «урчуқ» меноманд) ё чалак риштаи пашмин мересиданд. Риштаҳои омодашударо ба дукони рағзабофӣ васл карда, ба бофтани рағза шурўъ менамуданд.

Ҳунарҳои мардумӣ: БЎРЁБОФӢ

     Вобаста ба бўрё дар байни мардум маросиме бо номи «бўрёкўбон» роиҷ мебошад. Бўрёкўбон ҳангоми ба хонаи нав кўчидани оила созмон дода мешавад. Дар гузашта ин маросим ба монанди ҳашар баргузор мегардид. Соҳибхона дўстон ва наздикони  худро ба хона даъват мекард. Онҳо ба фарши хона бўрё андохта, аз  болояш гилему палосро паҳн карда, бо пойҳояшон мекўфтанд, ки ҳамвор шавад. Ва аз хонаи кўҳна ба хонаи нав асбобу анҷоми 

Ҳунарҳои мардумӣ: ГАҲВОРАСОЗӢ

      Вақте, ки болосариву поёнсарӣ омода гашт, барак – тахтаҳои барии гаҳвораро ба саллаҳои болову поён пайваст карда, мехи чўбин мекўбанд. Сипас дастаки аз чўби бед тайёршударо болои саллаҳои гаҳвора пайваст мекунанд. Чун гаҳвора шаклан омода шуд, зераш тагак- тахтачаҳоро мувофиқи барии гаҳвора қатор чида, бо мех мекўбанд. Дар поёни кор барои гузоштани тубак (сиба) дар миёнаҷои тагаки гаҳвора сўрохии қутраш 15-20 см мебуранд. Тубакро кулолон ба мисли

Страницы