Ҳунарманди маъруфи тоҷик Мушаррафа Қосимова, ки миёни аҳли ҳунар “модари театри тоҷик” номида мешавад, шаби гузашта дар синни 102-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аввал набераи ҳунарманди маъруф, рӯзноманигори варзида Шамсия Қосим хабар дод. Шамсия иброз доштааст, ки модаркалонаш соати 12-и шаб дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе чашм аз олам баст.
Ҳар боре, ки ҳамчун намояндаи Кумитаи андоз дар вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе сафари корӣ доштам, чун вақти бозгашт фаро мерасид ҳамеша имдодталабона ба ман мегуфтӣ: “Дилҷон, биё, боз як шабакаки дигар қати ман ист, аз дидори якдигар сер шавем, ту нахустфарзандам, меҳри аввали ман ҳастӣ, суханҳое ба ту гуфтан мехоҳам, ки зеби гӯши бегонагону дигарон нест”. Муддате ки ман аз ту масофаҳои тӯлонӣ дур будам, чанд маротиба барои сари марқадат гул фиристодам, зеро гулро бисёр дӯст
Устод Искандар Мирзоев имсол ба синни мубораки 85 қадам мениҳад. Аз ҷумлаи журналистонест, ки собиқаи роҳбарӣ дорад ва боз ин ки аз зумраи роҳбарони муваффақ ҳам будааст. Муддати 12 сол муовини Раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Замоне, ки кишвар ҳамагӣ як шабакаи телевизонӣ дошт. Ва дар нашрияҳои чопӣ низ ба ҳайси роҳбар кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст, вале ҳар замон дар Кумитаи радио ва
Рӯзи дувоздаҳум зодрӯзи Шариф Раҳимзода, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами иқтисоди кишвар буд. Ба синни шаст қадам ниҳод. Тӯли солҳои камолоташ дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа кардааст. Дипломат ҳам будаву Раиси Бонки миллӣ низ, раиси кумитаву мушовири Президент низ. Ва ҳоло вакили Парлумон аст. Муаллифи асару мақолаҳои зиёде оид ба такмили низоми бонкдории миллӣ, сиёсати инвестисионию саноатӣ ва самтҳои фаъолгардонии он аст.
Соро Сабзалиева – ҳунарманди шинохта ба сини мубораки 65 қадам гузошт. Аз ҷумла ҳунармандони дӯстдоштанист. Даҳҳо нақши хотирмон дар саҳнаи театр ва синамо дорад. Дар чандин намошномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои ҳунарии радио нақшҳо офаридааст. Дар дубляжи филмҳо саҳм гирифтааст.
Соро Сабзалиева 11 марти соли 1954 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009). Фориғуттаҳсили Институти давлатии умумииттифоқии кинематографистони шаҳри Маскав (1975) аст. Аз ҳамон сол инҷониб дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунар
Муҳсин Аминзода 10 марти соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик Муҳиддин Аминзода, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби ҳаштсолаи №1 шаҳри Хуҷандро хатм карда, таҳсилашро дар мактаби миёнаи №5 идома додааст.
Баъди хатми мактаби миёна дар Комбинати овозадори «Абрешим» ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, пайваста шеър ҳам офаридааст.