библиографияи миллӣ

Матбуоти тоҷик: гузашта ва имрӯз

   Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон расонаҳо дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда доранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, 

Муқаддима Ашрафӣ - минётурашинос, либреттонависи муваффақ

   Дар таърих кам касонеро метавон пайдо кард, ки дар риштаи пажӯҳишҳо аз таърихи минёнтураҳо шӯҳрат ёфта, вале боз мусиқишиносу мусиқинависи муваффақ ҳам бошад. Муқаддима Ашрафӣ, духтари Мухтор Ашрафӣ аз ҳамин қабил касон аст, ки дар ҳамин ду ришта муваффақ будааст.

   Муқаддима Ашрафӣ Мухторовна профессор, санъатшинос 5 - уми июли соли 1936 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст.  Духтари  Мухтор        Ашрафӣ.  Хатмкардаи мактаби мусиқии шаҳри 

Суратам як қатрае аз баҳри маънии Худост...

   Аҳмади Ҷом, Абунаср Аҳмад ибни Абулҳасан, мулаққаб ба Жандапил, Пири Ҷом ва Шайхулислом,   тақрибан соли 1048 дар шаҳри Ҷоми вилояти Ҳирот ба дунё омадааст. Соли 1141 дар зодгоҳаш вафот кардааст. Шоири мутасаввиф, намояндаи машҳури суфиёни Хуросон.  Аз авлоди саҳоби Ибни Саъд.

   Дар ҷавонӣ илмҳои замонашро аз худ кард, вале то 22-солагӣ зиндагии бенизоме дошт. Баъдтар гўшаи узлат  интихоб намуда, ба касби илму риояи шариат пардохт ва баъди 12 соли ҳаёти парҳезкорона ба кўҳистони Ҷом рафта, ба зуҳду тоату ибодат машғул шуд. Дар 40-солагӣ аз куҳистон ба деҳаи худ омада, дар он ҷо хонақоҳ барпо намуд ва ба вазъу иршод пардохт.

Имсол аз фавти олими тавоно Зоҳир Аҳрорӣ даҳ сол мегузарад

    Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст.

   Зоҳир  Аҳроров 15 феврали  соли 1930 дар деҳаи Шикеви ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст.  Адабиётшинос шарқшиноси тоҷик,  Корманди шоистаи Тоҷикистон соли (1998). 

Афродита – илоҳаи зебоӣ ва муҳаббат

   Афродида зани ҷавони хеле зебое будааст, ки либосҳои зариф мепӯшида ва шавқу завқи зиёди бо худ доштани ҷавоҳироти зиёд доштааст. Ҳамеша лабханд мезада ва мегӯянд худ ошиқи лабхандҳои худ буда. Чашмонаш ҳамонанд осмони тобистон обӣ, пӯсте ба сафедии кафи дарё, ки аз он ба дунё омада буд. Мӯйҳояш ранги тиллоӣ дошта, ба мисоли шуои Хуршед ба ҳангоми ғуруб будааст.

   Дар асотири Юнони Қадим илоҳаи ишқу зебоӣ  духтари Зевс ва Диана. Мувофиқи ривоятҳои асотири дигар кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор  мегардад, 

Ҳафтод соли Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

  Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз ҷумлаи он нависандагони тоҷик аст, ки осораш  дар саҳифаи ҷаҳонии интернет дар торнамои шахсии ӯ таҳти унвони “Ахтари зулматсӯз” қобили дарёфт ва мутолиа аст, ки аз тамоми ҷаҳон  мешавад онро дастрас намуд ва ҳамарӯза алоқамандони зиёде дар нуқоти мухталифи олам вориди он мешаванд ва фикру мулоҳизаи худро дар мавриди навиштаҳои ин пажуҳишгар иброз медоранд. “Солеҳаи даврон” низ ба сурати комил дар ин

Страницы