библиографияи миллӣ

Ҳунарҳои мардумӣ: РАҚС БО ҒИЖАК

Рақс бо ғижак таҳти навозиши як гурўҳ мутрибон ва сароидану ғижакнавозии худи бозингар иҷро мегардад. Ғижак сози мусиқии тордор аст, ки бо камонча навохта мешавад. Он рақси яккаи мардона буда, дар навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маъмул мебошад. Рақс бо ғижак ва даф, ё таҳти навозиши гурўҳи мутрибон ва ҳофизон иҷро мегардад.

Иҷрокунанда ғижакро бо дасти чап ва камончаро бо дасти рост гирифта, дар пайравии зарбу усули рақсии навозандагон

Бо кӯза ҳам мерақсанд?

Дар асри XX  ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс  Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро  дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.

Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм,

Калтакбозӣ чист?

Калтакбозӣ як навъи рақси мардонаи ҷанговарони тоҷикӣ мебошад. Рақсро ду нафар мард ё гурўҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чўбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд.

Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чўби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд ва чўбҳоро мутобиқи зарби мусиқӣ моҳирона ба бозӣ медароранд. Раққосон дар ҳар дасташон яктогӣ чўби ҳамвор дошта, онҳоро гоҳ бо ҳам ва гоҳ ба замин зада, садо мебароранд. Ҳамин тавр,

Арғушти ошпазӣ тақлиди кадом ошпазист?

Арғушти ошпазӣ як навъ рақси мазҳакавии мардумӣ мебошад, ки аз тарафи мард ё зан  дар тую маъракаҳои хурсандӣ иҷро магардад. Рақс дар таҳти навозиши дойра ё дастаи навозандагон баъзан бо табақи чўбин ё лаълӣ иҷро мешавад. Мазмуни ин рақс аз тайёр намудани хўрокҳои миллӣ: оши палав, оши бурида ва ё оши тўппа иборат аст.  Дар арғушти ошпазӣ унсурҳои мазҳака, рақс, пантомима ва сир омезиш ёфтанд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: АСПАКБОЗӢ

Аспакбозӣ як навъ рақси мазҳакавии мардонаи тоҷикӣ мебошад, ки сужети онро тасвири малакаи аспсаворӣ ва рақсу бозии асп ташкил медиҳад. Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан ё гурўҳи раққосон иштирок мекунанд. Раққосон онро таҳти навозиши дойра, ё созҳои дастаи навозандагон иҷро менамоянд. Воситаи асосии аспакбозӣ пайкари чўбини асп мебошад. Аз чўб каллаи аспро тарошида, ба

Кордбозӣ ҳам санъат аст?

Оре, санъат аст, санъати рақс ва аз санъатҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар саҳнаи санъати касбӣ рақсиКордбозӣ – ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ў ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд  ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронро иҷро намуда, ду кордро аз рўймоли миён берун мекашид.

Кордбозӣ рақси қадимаи ҷанговаронаи мардони тоҷик мебошад. Онро одатан як нафар таҳти навозиши доира ё дастаи мутрибон дар тўю маъракаҳои хурсандӣ иҷро менамоянд. Раққос ду кордро ба дастонаш гирифта, ба онҳо чолокона ҳаракатҳои гуногуни рақсиро анҷом медиҳад. Иҷрокунанда дар ҷараёни рақс нўги кордро гоҳ ба чашмонаш, гоҳ ба

Страницы