библиографияи миллӣ

Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир

Ним сол аз даргузашти Бозор Собир-яке аз маъруфтарин шоирони муосири мо мегузарад. Аввали моҳи май Шоири Халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар шаҳри Сиетли ИМА тарки олам кард. Шоире, ки зарфи қариб се даҳсолаи охир номаш бештар аз дигарон вирди забонҳо буд. Шоире, ки саропо дар ишқи Ватан месӯхт, шоире, ки ҳар мисраъ шеъраш бӯйи сабзаву райҳони Ватан мекард, шоире, ки солҳо дар муҳоҷират зист, вале лаҳзае бе ёди Тоҷикистон набуд, имрӯз дигар бо мо нест. Рӯзи маргаш дар Душанбе ҳаво боронӣ буд ва имрӯз, ки 80-солагии зодрӯзаш аст, боз ҳам Душанбе боронист.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адиби хушномро ин гуна

Шабеҳи каҳкашон роҳи ту монд ...

Агар тири қотил ҷонашро намерабуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Чи розҳое бо худ бурд. Адиби номвару навпардоз, шахсе, ки дар ҳар калима даҳҳо маъно ғунҷондааст, ҳадафи тири афроде қарор гирифт, ки шояд дар умрашон сатре аз адабиёт нахондаанд, шояд байте намедонистанд ва намедонистанд, ки ин ин кирдори разилона миллатро аз кӣ маҳрум мекунанд.

Оре, Сайф Раҳимзоди Афардӣ инсоне буд, ки умре аз адабиёту ҳунар гуфт ва бо даҳҳо китоби нонавишта олами моро фоҷеавӣ тарк кард. Ёдаш ба хайру хонаи охираташ нуронӣ бод!

Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) нависандаи тоҷик

Боқиева Муслима - булбули боғи санъат

Моҳи ноябр зода шуда ва моҳи ноябр тарки олам кардааст. Аз ҳунармандони дӯстдоштанист. Овози хушу форам ва сабки нотакрори таронасароии вай замоне ҳамагонро шефтаи худ карда буд. Ду сол аз даргузашташ мегузарад, вале номаш имрӯз ҳам дар радифи маҳбубтарин сарояндагони кишвар боқист.

Боқиева Муслима 7 ноябри соли 1933 дар Бухоро ба дунё омадааст. Сарояндаи машҳури точик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии ҶШС Точикистон (1971). Санъати сознавозӣ  ва

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: МИНИАТЮРАНИГОРӢ

Анъанаи  миниатюранигорӣ  имрўзҳо  низ дар Тоҷикистон  идома дорад. Дар шаҳри Душанбе суннати  тасвири  миниатюраҳоро  рассоми шинохтаи  тоҷик   Олим Камолов  ва шогирдони ў идома медиҳад.  Дар мактаби  эҷодии ў тасвири миниатюраҳо дар табақҳои сафолию чўбӣ, лавҳаҳо ва чўбҳо қаламкорӣ мешаванд. Дар гузашта рассомон аввал тарҳи миниатюраро ба об дар рўи қоғаз  мекашиданд, баъди хушкидани об пайи онро бо хати сурх ё сиёҳ аёнтар мекарданд. Сипас ба варақ омехтаи оҳар ва сафедии тухм молида, баъди хушкидан онро бо булўр ё ақиқи сўхта сайқал медоданд.

Аз доктори илмҳои техникӣ Абдулазиз Ҳоҷибоев чӣ метавон хонд?

Абдулазиз Ҳоҷибоев аз ҷумлаи олимони шинохтаи соҳаи технологияи лоиҳакашӣ буда, аз соли 1974, ки факултаи сохтмони ИДТ-ро хатм кард, дар ҳамин соҳа фаъолият мебарад.

Ҳоҷибоев Абдулазиз 7 ноябри соли 1953 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Соли 1974 факултаи сохтмони  ИДТ – ро (ҳоло ДТТ ба номи М. Осимӣ) ба поин оварда, дар ҳамин ҷо чун ассистент фаъолияташро шурўъ намудааст.

Солҳои 1976-1979 аспиранти Институти илмӣ – технологии лоиҳакашии биноҳои истиқоматию ҷамъиятии шаҳри Киев 1979-1982  ассистент ва муаллими калони кафедраи механикаи сохтмонӣ ва иншооти сейсмикӣ,

Дар бораи Бешаи палангон чӣ медонед?

79 сол пеш барои ҳифзи  саривақтии бешазори табии соҳили дарёҳои Осиёи Миёна, ҳифзи ҳайвоноти камёбу нодир ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ «Бешаи палангон» таъсис ёфт. Ин аввали моҳи ноябр буд, моҳе, ки табиат рӯ ба сардиҳои зимистон меовард. Ин ягона мамнўъгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд, ки дар минтақаи туғайзор ҷойгир аст.

Страницы