библиографияи миллӣ

Абдулманнони Насриддин – мактабдори матншиносӣ

“Ба Абдулманнони Насруддин муяссар гардид, ки дар Донишгоҳи Хуҷанд мактаби илмии худ, ҳавзаи илмии худро ба вуҷуд биёрад ва аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод як силсила шогирдони сазоворро ба воя расонад. Ман бо аксарияти онҳо ва корҳояшон ба шарофати устоди бузургворашон шинос ҳастам. Дар маҷлиси дифои рисолаҳои илмии баъзеашон ба сифати муқарризи расмӣ иштирок доштам. Аз ин рў бо имони комил гуфта метавонам, ки онҳо мактаби илмии устоди зиндаёдашонро гардон нигоҳ хоҳанд дошт”.

Абдунабӣ Сатторзода,

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ТАНЎРСОЗӢ

Танўр аз се қисм иборат аст. Қисми аввалро «тахтаи аввал» меноманд, ки дарозиаш 3 м ва бараш 35-40 см мешавад. Тахтаи аввалро баъд аз тунук кардан ва дарозшакл намудан, нўгҳояшро ба ҳам оварда мепайванданд. Пас аз 4-5 соат, ки он каме сахт шуд, деворҳояшро бо асбоби ғундак ва аз берун ба даст мекўбанд, то ки мустаҳкаму ҳамвор гардад. Сипас қисм ё тахтаи дуюмро ба ҳамин тарз тайёр карда, аз боло ба тахтаи якум пайванд месозанд. Тахтаи дуюм андаке қонусшакл

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧАРМГАРӢ

Чармро дар шароити имрўза устоҳои мардумӣ чунин тайёр мекунанд: Пўсти гови калонро аввал дар об як-ду рўз тар мекунанд, сипас тарафи дарунии пўстро дар болои тахтаи тарош гузошта, бо дос тарошида тоза менамоянд. Дар бушкаҳои 200-литра, ки он сангоб ном дошта, дар замин гўр карда мешавад, 20-30 литр оҳакоб рехта, пўстро дар он андохта, аз болояш 20-литри дигар об мерезанд ва ба он маҳлули натрийро  илова мекунанд. Сангобро барои он дар замин гўр мекунанд, ки аз даҳони бушка гирифтани пўсти тари вазнин осонтар шавад.

Одамон аз давраҳои қадим ба либосҳои пурдошту мустаҳкам эҳтиёҷ доштанд. Онҳо дар аввал аз пўсти ҷонварони хонагию ваҳшӣ ба худ либосҳо ва пояфзорҳо тайёр мекарданд. Бо гузашти асрҳо коркарди пўст ва

Абўрайҳони Берунӣ ва “Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит- танҷим”-и ў

Абўрай  ҳони Берунӣ дар таърихи тамаддуни инсоният мақоми хосе ишғол кардааст. Ў монанди Абўнасри Форобӣ ва Абўалӣ ибни Сино аломаи замони худ буд. Математика ва астрономия, география ва геодезия, геология ва минерология, илмҳои тиб, таърих ва филология, таърихи дин ва фалсафа, хуллас ягон соҳаи илму маърифати замонаш аз назари ў дур наафтодааст.

80 соли муҳаққиқи олиназар Амиряздон Алимардонов

Таҳқиқоту мақолаҳои Амиряздон Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон ва нусхаҳои нодиру пурарзиши он дар маҷаллаю маҷмўаҳои мақолаҳои гуногуни Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Руссия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Итолияву Фаронса чоп шудаанд.

Амрияздон Алимардонов дуюми ноябри соли 1938 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори

Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи пурхонандатарин шеъру манзумаҳо ва яке адибони хушзавқу пуркор Нурмуҳаммад Ниёзӣ имрӯз дар синни 72-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Хабари марги ӯро пойгоҳҳои хабарии Интернет пахш карданд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамагӣ бист рӯз пештар ба синни мубораки 72 даромада буд. То ин соат садҳо тан аз ҳаводорони шеъри шоир аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ реҳлати шоири маъруфро тасаллият арз карданд.

НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи

Страницы