Ин як мисраъ шеъри Ҳайрат Шанбезода аст. Таронасарои Бадахшон, шахсе, ки хеле ғазалҳои равону дилчасп гуфт. Шоире, ки аз Қудрати бадахшӣ зиёд ёд кард ва як силсила шеърҳои солҳои ҷавониашро ҳам ба ӯ бахшид. Дар хонаводаи шоир бузург шуд, гоҳ бо сабки падар шеър гуфт ва гоҳ рӯ овард бо ҳамон навои обшорони диёраш, ки ӯро шоир карда буд. Ва шеъраш ҳамнаво бо садои обшорон ба қалби дӯстдорони каломи бадеъ расид. Шеъре, ки ба осонӣ мехонӣ ва ба осонӣ ба ҳофиза ҷо мегирад.
Ҳайрат Шанбезода 4 июли соли 1933 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Соли1956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Муаллими мактаби миёнаи ба номи
Таърихи мусиқии муосири тоҷик хеле кам касонро суроғ дорад, ки мисли Абўбакр Зубайдов дар санъати мусиқӣ назарияро бо амалия омезиш дода бошанд. Мавсуф на танҳо сарояндаи мумтози “Шашмақом” аст, балки аз пажӯҳишгарони шинохтаи санъати мусиқии классикии тоҷик мебошад.
Рассоми машҳури замони Шӯравӣ, узви Иттиҳоди рассомони СССР, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистони Шӯравӣ. Бо нашрияҳои давлатии Узбекистон низ ҳамкорӣ мекард, китобҳои кӯдаконаро оро медод. Аммо бештар тасвирҳояш дар мавзӯъҳои сиёсӣ буданд.
Зобнин Павел Васильевич 2 – июли соли 1908 дар Манаково, вилояти Киров таваллуд шудааст.
Исми Савриниссо Саидова барои аксари касоне, ки собиқаи тӯлонии кор дар Китобхонаи миллӣ доранд, ошност. Ҳамсари маҳбубтарин ҳунармандони кишвар, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум Ато Муҳаммадҷонов, шахсе, ки бештар аз 30 соли умри пурбаракаташро дар китобхона сарф кардааст, муррабии даҳҳо ҷавонон буду ҳаст. Имрӯз бознишаста аст ва ҳамеша дар ёду хотири ҳамкор мебошад.
Дар Исроил профессор Михаэл Занд дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт. Михаэл Исаакович Занд аз ҷумлаи маъруфтарин муҳаққиқони адабиёти форсу тоҷик буд. Занд муаллифи таълифоти зиёде дар бораи адабиёт ва фалсафаи форсӣ ва тоҷикӣ ва низ дар бораи фарҳанги яҳудиён дар Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Як қатор осори адабии марбут ба забонҳои эрониро тайёр кардааст, аз ҷумла насри адабии яҳудиёни Бухоро дар поёни асри 19 ва оғози асри 20 ва ғайра.
Шариф Баротов 15 июни соли 1933 дар деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Биолог, доктори илми биология (1994). Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996).
Хатмкардаи УДТ (1959). Ходими хурд (1959-1970), калон (1970-1981) ва пешбари илмӣ (1994-2002), мудири шуъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи АИ Ҷумҳурии