библиографияи миллӣ

Дар арғушти масхарабозӣ чиро масхара мекунанд?

Арғушти масхарабозӣ як навъ рақсӣ мазҳакаомез мебошад, ки онро ҳам мардон ва ҳам занон иҷро мекунанд. Арғушти масхарабозӣ яке аз қадимтарин нишонаҳои жанри мазҳака дар эҷодиёти бадеии халқи тоҷик аст, ки эҳсос ва ҷаҳонбиниро тавассути бадан, дасту по, имою ишора, ҳолати изтиробу нишот тасвир мекунад. Он дар тую маъракаҳои хурсандӣ бисёр иҷро шуда, вобаста ба шароити ҷуғрофӣ, таърихӣ ва

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚОШУҚБОЗӢ

Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансанблҳои рақсииЛола”, “Зебо”, “Ҷаҷоноро”, “Гулрез”, театри рақсии “Падида”, ансамбли фолклорӣ – этнографии “Ганҷина” ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад,

Ҳаким Юсуфов - геолог ва минерологи барҷаста

Доктори илмҳои геология Юсуф Ҳакимов аз ҷумлаи минерологҳои барҷастаи кишвар буд. Яке аз аввалинҳост, ки барои устуҷўи конҳои   телетермалӣ   ё  пастҳарорат  услуби  палеомагнитиро  ба  кор  бурдааст.   Умреро дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави истихроҷи маъданҳо сарф кардааст.

Юсуфов  Ҳаким  17  декабри  соли  1918  дар  шаҳри  Бухоро  ба  дунё  омааст. Доктори  илмҳои 

Ту яке ҳадя бароям зи кафи дасти Худоӣ

Озар аз шоирони тозагӯст. Кам менависад, вале ба ҳадде хуб менависад, ки аз ҳар ғазалаш чанд шоҳбайт метавон пайдо кард. Шоири мушоҳидакор аст ва образҳову қаҳрамонҳои лирикиаш ҳаминзамонианд. Суханаш сода нест, вале зудфаҳм аст. Аз ҷумлаи шоирони фаъол дар саҳифаҳои иҷтимоист ва шеърашро бештари хонандагонаш аз ҳамин саҳифаҳо мехонанд ва атрофаш баҳс мекунанд. Дар замоне, ки нақди адабӣ кунд шуда, баҳои хонанда барои шоир беҳтарин нақд аст. Ва Озар инро ба хубӣ дарк мекунад.

Озар (Салимов Миралӣ) 13 декабри соли 1968 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи №9-ро хатм карда,

Наваду панҷ соли профессор Рустамбек Юсуфбеков

Агар профессор Рустамбек Юсуфбеков зинда мебуд, имсол синни мубораки 95-ро пур мекард. Аммо афсӯс, ки соли 2007 дар синни 84-солагӣ олами моро тарк намуд. Шахсе буд, ки дар вазнинтарин солҳо бори пурзаҳмати пажӯҳишҳои илмиро кашидаву дар вазифаҳои пурмасъули давлаӣ кор карда. Ёдаш ба хайр!

Рустамбек Юсуфбеков 31 декабри соли 1923 дар  деҳаи Рини  ноҳияи Ишкошими  ВМКБ  ба  дунё  омадааст.  Доктори илми иқтисодӣ  (1971),  профессор  (1973), узви вобастаи АИ  Тоҷикистон   (1983),  Ходими   шоистаи  илми   ҷумҳурӣ соли (1983).  Баъди  хатми  (1950)  Институти  давлатии  педагогии   шаҳри  Душанбе  (ҳоло  ДДОТ  ба номи С. Айнӣ) дар аспирантураи Академияи илмҳои  ҷамъиятшиносии  назди  КМ  КПСС 

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ОСИЁБ

Дар болои санги осиёб дўл ҷойгир шудааст, ки он қуттимонанд буда, қисми болоии он калон аст ва ба самти поён хурд шуда меравад. Баландии дўл 90-120 см буда, ғунҷоиши 100-150 кг ғалларо дорад. Гандум аз сўрохии поении дўл ба сўрохии байни сангҳо мерезад ва дар натиҷаи  чарх зада, соиш хўрдани сангҳо ба якдигар гандум ба орд табдил меёбад. Орди ҳосилшуда аз байни сангҳо ба хамба ё охур пош хўрда мерезад ва аз он ҷо ордро бо белча ба халтаҳо мебардоранд.

Осиёб дастгоҳи ордкунии анвои ғалладона ва баъзе меваҳои хушк мебошад, ки аз замонҳои қадим маъмул аст. Бинобар шароити

Страницы