Ҳам шоир буд ва ҳам рӯзноманигор, ҳам нависанда ва ҳам фарҳангнавис, ҳам пажӯҳишгар ва ҳам мутарҷим. Ҳунари ровигӣ дошт, ғазалиёти классиконро хеле хубу ҷолиб мехонд. Садои ҷаззоб дошт, шеърро ба маъно мехонд, аз қироаташ кас ба маънии шеър мерасид.
Аҳмади Шомлу ( тахаллусҳояш «А» (Алиф), «Бомдод» ва «Субҳ»; 12 декабри соли 1925 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Шоири эронӣ. Таҳасилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро ба таври
Аз марги нобаҳангоми мутарҷими шинохта Ҳабиб Аҳрорӣ 36 сол сипарӣ шуд. Агар умр вафо мекард, имсол садушашсола мешуд. Ҳабиб Аҳрорӣ беҳтарин повесту румонҳои машҳури адабиёти ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Шоҳкории Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ” низ бо заҳмати вай тоҷикӣ чоп шудааст.
Ҳабиб Аҳрорӣ мутарҷим ва нависандаи тоҷик 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973). Ширкаткунандаи ҶБВ (1941-1945).
Дар бораи Мухтор Ашрафӣ метавон зиёд гуфту навишт. Як чеҳраи барҷастаи фарҳангу маданият дар Тоҷикистон ва Узбекистон буд. Дар 63 соли умраш аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт ва оҳангҳои эҷодкардаи вай имрӯз ҳам иҷро мешаванд ва таъсир доранд. Асарҳои калонҳаҷми ӯ, бахусус операҳое, ки бо ду забон дар Душанбе ва Тошканд эҷод кардааст, ганҷинаи бебаҳои фарҳанги миллатанд.
Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40 ум асри ХХ дар натиҷаи боронҳо як ҷои тепа фурў рафта, сўрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳалиён вориди сўрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳалиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта Аҷинатеппаро номгузорӣ
Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд. Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард.
Дар баробари он дар рўзҳои идҳои суннатию ҷашнҳои маишӣ ва рўзҳои хурсандӣ тоҷикон, ҳам марду ҳам зан, либосҳои рангаю гулдор ва мунаққашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро бозтоб менамуд. Ин анъанаҳо дар тўли садсолаҳо мардуми
Дар гузашта сўзишвории асосӣ барои оҳангарон ангишти дарахтони сахтчўб ба ҳисоб мерафт. Дар кўҳистон ангишро аз дарахтони арча, бурс ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд, ҳоло ангиштсангҳои истеҳсолии конҳои Тоҷикистон истифода мешаванд. Инчунин имрўзҳо ба ҷойи саночи дамдиҳӣ воситаҳои барқии боддиҳӣ ба кор бурда мешавад.
Оҳангарӣ аз касбҳои маъмулии тоҷикон мебошад, ки то ба имрўз идома дорад. Устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар аксари шаҳру деҳаҳои кишвар фаъолият доранд, ки ниёзи мардумро ба ашё ва маҳсулоти оҳанӣ таъмин месозанд. Оҳангарӣ дар гузашта аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ доштааст. Масалан, устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкўб, кордсоз, қуфлсоз, сўзангар ва амсоли инҳо. Ҳоло баъзе аз ин ҳунарҳо бинобар рушди технологияи металлургӣ аз байн рафта, истеҳсоли маҳсулоти