библиографияи миллӣ

Садупанҷ соли адиби ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ

  Адиби маъруф, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ – муаллифи хонотарин повесту романҳои ҷангӣ имрӯз садупаҷсола шуд. Фотеҳ Ниёзӣ аз ҷумлаи адибоне буд, ки аз соли аввали ҷанг худро дар саҳнаи муҳориба зидди истилогарони фашистӣ зад, дар шадидтарин ҷангҳо ширкат намуд, аз ҷумлаи муҳофизони Сталинград буд. Баъдан муовини муҳаррири ҳарбии «Фрунзевец» - ро ба ўҳда гирифтаву то анҷоми ҷанг дар ҳамин

Аҳлидин, майли ҷавонӣ мекунад дил, чора чист?

  АҲЛИДДИН ҲИСОРӢ 15 апрели соли 1954 дар деҳаи Порбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Баъдан корманди нашриёти давлатии «Ирфон» (1977-1978) ва Музейи таъриху кишаваршиносии ба номи Беҳзод (1978-1980) будааст. Солҳои 1978-1980 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1980-1989)

Ёде аз Ибод Файзуллоев дар 84-умин солгарди таваллудаш

  Имрӯз – 12 апрел бо солгарди зодрӯзи шахсияти маъруфи сиёсӣ – иҷтимоӣ, адиби саршинос, журналисти варзида, шодравон Ибод Файзуллоев мусодиф аст. Ёде аз устод ва инсони наҷиб ин як ҳақиқат будааст. Як ҳақиқату воқеияти ҳаёт. Масалан, бо шахсе солҳои зиёд ҳамкору ҳамнишину ҳамсӯҳбату ҳаммуошират ҳастӣ, вале мушоҳида мекунӣ, ки таъсиру нақши ин ҳамнишинӣ дар зиндагиат ҳеҷ будааст, сифр будааст. Ҳатто ду се сухан дар ҳақаш гуфта наметавонӣ.

Бозгул Додхудоева 80-сола шуд

  Бозгул Додхудоева дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чашм ба дунё кушода баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад. Сипас факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад. Аввал муаллим баъдан ҷонишини директор ва панҷ соли дигар директори мактаби рақами 38-и шаҳри Душанбе шуда, кор кардааст.

 Мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири

 

Аввалин пионердухтари тоҷик

  Ӯро бештар бо ҳамин расмаш бо Иосиф Сталин мешиносанд. Замони Шӯравӣ миёни пионерон ин расм ва соҳиби он шуҳрати беандоза доштанд. Бо гузашти солҳо кам касоне мондаанд, ки корномаи Мамлакат Наҳанговаро донанд. Ин мақола ёдномаест аз у ва расми машҳуре, ки замоне саҳифаҳои беҳтарин нашрияҳои кишварро оро медод.

Соли 1924 дар хонадони тоҷики шоҳмансурӣ  (Шоҳмансур деҳае буд дар ҳудуди пойтахти имрўзаи Тоҷикистон) тифлаки хушандоме ба дунё

Ёди ровии маъруф Бурҳон Раҳмон ба хайр

  Дар радио ва телевизиони Тоҷикистон ба мисли садои Бурҳон Раҳмон кам садое буд, ки ба аксарият ошно набошад. Шунавандагон бахши бурунмарзии радиои Тоҷикистон, ки бо ин садо хӯ гирифта буданд, дар Эрону Афғонистон ва ҳар ҷо, ки он солҳо мавҷи радиои кишвар мерасид, интизор мешуданд. Гузашта аз ҳама Бурҳон Раҳмон инсони комил буд, вай ҳамеша ба дӯстонаш ва ҳамкоронаш дасти м адад дароз мекард. Хушсухану хушсуҳбат буд. Агар зинда мебуд, аз баҳори 85-и умр гул мечид. Ёдаш ба хайр.

Страницы