библиографияи миллӣ

Газетаи деворӣ, яъне чӣ?

 Газетаи деворӣ, газетаи дасхат ё чопӣ, ки дар муассисаю корхонаҳо, хоҷагии деҳқонию ташкилотҳо, мактабҳои миёнаву олӣ бароварда мешавад. Газетаи девориро маъмулан, як нусха бароварда, дар девор ё тахта (стенд)-и махсус меовезанд. Газетаи деворӣ ҳафтавор, даҳрўза, дуҳафтаина, моҳона ва баъзан ҳаррўза мешавад. Газетаи деворӣ дар собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ пайдо шуд.

Профессор Абдушукур Назаров

 Таҳти роҳбарии Абдушукур Назаров зиёда аз 10 нафар рисолаи номзади ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ ва методию таълимӣ, аз чумла 10 монография, 12 дастури таълимӣ мебошад. Иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Коллеч-Стейшен-ИМА, 1995), Деҳлӣ, (1995), Анталия, (2003), Маскав, (2007) мебошад. Бо ифтихорномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) мукофотонида шудааст.

Собир Султон – шоири таронасарои мумтоз ба синни 85 расид

 Аз ҷумлаи шоирони таронасарост. Дар бойгонии радио даҳҳо таронаи ӯ бо садои машҳуртарин сарояндагон маҳфуз аст. Аз соли 1963 то даме, ки ба нафақа рафт, дар бахши мусиқии радиои Тоҷикистон фаъолият мекард ва хеле барномаҳои ҷолибу шунидание аз ҳаёти ҳунармандон таҳияи кардааст.

 СОБИР СУЛТОН 9 майи соли 1934 дар деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, солҳои 1958-1962 ходими

Саду ҳафт соли Мирсаид Миршакар

 Ҳар шахсияти адабӣ шарофату хосияте дорад ва дар ҳамин замина дар ёди ҳамқаламону шогирдон ва ҷомеа мемонад. Масалан: ҳамин ки қадами Боқӣ Раҳимзода ба Иттифоқи нависандагон мерасид, дар як лаҳза деги ҳазлу шӯхӣ ба ҷӯш меомад. Бо муаллим Мирсаид Миршакар рӯ ба рӯ меомадед, ҳатман мепурсид: "Ягон асари нав навишта истодаӣ ё не?".

- Ҳо, кам-кам ҷумбуҷӯл дорем, - посух медодем.

- Асари нағз бо ҷумбуҷӯли кам-кам рӯи коғаз намеояд, - бо

Пайрав то кунун шоирест ношинохта....

 Маҳфилҳои адабӣ дар Иттифоқи нависандагон зуд-зуд баргузор мешаванд, аммо нишасте, ки ба 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ ихтисос дошт, аз маҳофили пешин хеле тафовут дошт. Тафовуташ ҳамин буд, ки сари масъалаи мақоми Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёти тоҷик ва ҳусну муаммоҳои шеъраш миёни адибону муҳаққиқон баҳси тӯлоние ба вуҷуд омад. Ибтидо устод Абдураҳмон Абдуманнонов хеле муфассал маърӯзае дар шакли

“Ганҷи сухан “ аз Аминҷон Шукӯҳӣ ёд кард

 Нишасти 172-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, адибону олимон, омӯзгорони забон ва адабиёти макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мухлисони каломи бадеъро ба ҳам овард. Маҳфил бо силсилаи сурудҳои сарояндагони ноҳия дар матни устод Аминҷон Шукӯҳӣ оғоз ёфт, ки матлаи зебои маҳфил гардид. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов гуфт, ки бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нишасти маҳфил ин даъфа дар Ҷамоати

Страницы