Гуландом Сафаралиева дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”; “Ҳуррият”; “Хизматгори ду хоҷа”; “Ваня тағо”; “Эзоп”; “Гамлет”; “Шоҳ Лир”; “Тўй”; “Имтиҳон”; “Бой ва хизматгор””; Интизорӣ”; “Охирин арўси амиралмўъминин”; “Афсонаҳои мўйсафед”; “Эдип”; “Нодира”; “Зебунисо” образҳои ҷолиб офаридааст. Дертар Гуландом дар эҷоди нақшҳои характери психологӣ дошта низ бомуваффақият қувва озмуд. Нақшҳои Дона Анна ва “Фоҷиаҳои хурд”-и Пушкин ва Клея аз “Эзоп”-и
Аз ҷумлаи адибони сермаҳсули замони Шӯравист, ки асарҳои зиёдаш ба тоҷикӣ ҳам баргардон шудаанд. Яке аз маъруфтарин нависандагони украин аст. Хеле сиёсатзада ҳам буд, ки зидди Б.Л.Пастернак, А.И. Солженитсин, А.Д.Сахаров, ки бо сиёсатҳои шўравӣ созгор набуданд, мақолаҳо навиштааст. Аммо бо вуҷуд он солҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз нависандагони пурхонанда буд.
Гончар Олес ( Александр Терентевич) 3 апрели соли 1918
Гулшанӣ Шайх Иброҳими Бардаӣ соли 1426 дар Бардаъ ба дунё омадаас. Дар Табрез таҳсили илм кардааст. Аввалҳо «Ҳайбатӣ» тахаллус дошт, баъдан бо тавсияи пири тариқаташ Умари Равшанӣ (фавт 1486) онро ба Гулшанӣ иваз намуд.
Соли 1500 аз ҷаври Исмоили Сафавӣ (ҳукумронӣ 1502-24) ба Байтулмуқаддас ҳиҷрат намуд. Муддате дар Қоҳира зиндагӣ кард. Соли 1528 бо даъвати шоҳи Рум Сулаймони Аввал ба Истанбул омад ва дубора ба Қоҳира баргашта
Ванка Жукови нуҳсола, писарбаччае, ки се моҳи пеш ба шогирдии мӯзадуз Аляхин дода буданд, дар шаби ҷашни милоди Масеҳ нахобид. Сабр кард, то соҳибдуккон бо ҳамсарашу шогирдон ба калисо,ба ибодати субҳи рӯзи ид рафтанд, ва он гоҳ аз ҷевони арбоб шишачаи ранг ва як қалами нӯгзангзадае берун оварду варақҳои фарсударо назди худ густард ва шуруъ кард ба навиштан. Пеш аз он ки ҳарфе нависад, ӯ чанд бор ҳаросон сӯи дару тиреза нигарист; ба тасвири тираи Масеҳ, ки дар рафчаҳои ду тарафи он
Гулшану-л-мулук асари таърихии Муҳаммадяъқуби Бухороӣ, ки дар он воқеаҳои таърихӣ аз замони пайғамбар Муҳаммад (с) то солҳои аввали ҳукмронии амир Насруллоҳ (1826-60) ба қалам омадааст.
Муаллиф ба навиштани асараш солҳои 1824-28 шурўъ намуда, тақрибан дар солҳои 1830-31 онро ба охир расонидааст. Гарчи дар «Гулшану-л-мулук» оид ба воқеаҳои асрҳои мухталиф маълумот оварда шудааст, вале ба шарҳи давраи ҳукмронии сулолаҳои Аштархониён
Гулшанӣ Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ (тақрибан соли 1861) дар Бухоро, дар хонадони муфтии мударрис Муҳаммад Мир Сайид тба дунё омадааст. Шоир, муаррих ва ҷуғрофиёдони тоҷик.
Дар асараш «Таърихи Ҳумоюн» (таълифаш 1910) аҷдоди худро марбут ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуфтааст. Дар Бухоро таҳсилро дар мадраса хатм намуд. Чун шоири нуқтасанҷ, шахси донишманди аз илму фарҳанг бохабар (махсусан аз таърих) шуҳрат ёфта буд.