Имрӯз дар Кохи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Адиби
Модари Темур Зулфиқоров (с.т.1936) – шоир, нависанда, драматурги барҷастаи тоҷик, яке аз муваффақтарин нависандагони русзабони кишвар, ки теъдоди асарҳои интишорёфтааш бо забонҳои олам ба беш аз як миллион нусха расидааст. Ва яке аз пурхонандатарин адибони муосир аст. Эроншинос, тоҷикшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор. Яке аз аввали муаллимони забони русӣ дар Тоҷикистон. Шавҳараш Муҳаммадқосим Зулфиқоров, ходими ҳизбӣ буд, ки соли 1937 аз ҷониби НКВД ба қатл расид. Ғайр аз Темур боз духтаре бо номи Зайнаб дорад. Аммо дар бораи Зайнаб ба ҷуз ин ки дар Санк-Петербург зиндагонӣ мекунад, маълумоти дигаре дар даст
Аз таваллуди мутафаккири бузурги олмонӣ Иоҳанн Гёте моро 270 сол ҷудо мекунад. Ва ин беш аз дусад сол пеш марде дар қалби Аврупо шефтаи Шарқ ва адабиёти Шарқ буд, бо ғазалиёти Ҳофиз ишқ меварзид, дар пайравӣ ба он эҷод мекард. Шарқро, Ҳофизу Саъдиву Мавлоноро ва моро ба ғарбиён ошно мекард. Аз ин нобиғаи нотакрор ва ин ошиқи Шарқи афсонавӣ асарҳои зиёде боқӣ монда, ки борҳо ба забонҳои гуногуни олам, аз ҷумла тоҷикиву форсӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Гёте Иоҳанн Волфганг шоир ва мутафаккири олмонӣ
Сулаймон яке аз персонажҳои қиссаву ривоятҳои тоҷикӣ, писари Довуди набӣ ва севвумин подшоҳи банӣ Исроил, ки соли 1006 ё 1001 то милод ба тахти шоҳӣ нишастааст. Мувофиқи маъхазҳои динӣ, ў ҳамчун шахси худопараст Байту-л-муқаддасро бино карда чун подшоҳи одил ба ободии кишвар ва рафоҳияти раият дақиқати махсус медодааст. Дар муддати кўтоҳ шуҳрати адлу дод, илму дониш, ҳикмат ва рою тадбири неки ҳукуматдории ў ба ҷаҳон паҳн гардидааст.
Сулаймон дар Таврот подшоҳ ва дар китоби муқаддаси Қуръон паёмбар ва яктопарастӣ манбаи ибрат дониста шудааст. Эҳтимол меравад, ки симои мавсуф қабл аз интишори дини
Сурудҳои сарбозӣ ҳамчун маъхази арзишманде барои омўзиши таърихи халқи тоҷик хидмат мекунанд. Сарбозгарӣ дар даврони пешин чун воқеаи дахшатбори давр ба сари аҳолии камбизоати Осиёи Миёна, аз чумла тоҷикон, бадбахтиҳои зиёде меовард. Сарбозҳоро ба лашкари амир бо усули тақсим ва қуръа, баъдтар бо роҳи маҷбурӣ ҷамъ меоварданд.
Теъдоди асарҳое, ки Ҷелмат Шерматзода дар таҳияю таҳрири онҳо саҳм гузоштааст қариб ба 30 номгўй расида, 125 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд. Устод Ҷелмат Шерматзода дар ҷодаи каломи бадеъ низ қувваозмоӣ кардааст. Аввалин ҳикояву шеърҳои ў ҳануз айёми наврасиаш дар саҳифаҳои рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп шудаанд.
Ҷелмат Шерматзода 9-августи соли 1954 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намуда, соли 1976 дар кафедраи